Посетители
02.04.2016
Никоҳи хешовандӣ ва паёмадҳои он
Тавлиди кӯдакони носолим, барҳамхӯрии оилаҳо, вайроншавии муносибатҳои хешовандӣ ва монанди инҳо аз паёмадҳои манфиест, ки никоҳи бармаҳал ва хешутаборӣ ба бор меорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир никоҳи хешутаборӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст, ки натиҷаҳои он дар ҷомеа рӯшан гардид. Бо мақсади пешгирии зиёдшавии сафи кӯдакони ҷисману рӯҳан носолим имсол дар кишвар бастани ақди никоҳ байни хешовандони наздик манъ карда шуд. Вобаста ба ин масъала тибқи нақша-чорабиниҳои шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва коллеҷи тиббӣ дар муассисаи мазкур маҳфили судманд дар мавзӯи «Оқибатҳои никоҳи бармаҳал ва хешовандӣ» баргузор гардид. Донишҷӯён – аъзоёни Шӯрои ҷавондухтарон оид ба мавзӯи мазкур, ки масъалаи доғи рӯз аст, баромад намуда, бо қироати шеърҳо, сурудҳо, гуфторҳо, иҷрои саҳначаҳои тарбиявӣ аз ҳаёти оилавӣ ва суолу ҷавоб андешаҳояшонро баён доштанд. Васфи зан-модар, ки сарчашмаи зиндагист, тараннуми меҳру вафо ва садоқат, ситоиши ахлоқи ҳамида, тавсифи оила, ки муқаддастарину муҳимтарин рукни ҷомеа маҳcуб меёбад, танқиду маҳкумкунии никоҳи бармаҳал ва хешовандӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳои меҳварии маҳфил буд, ки муҳофизони ояндаи солимии ҷомеа хеле хуб матраҳ намуданд. Донишҷӯёни коллеҷ ҳамчунин намоишномаеро аз ҷараёни пурсиши афкори умум оид ба масъалаи никоҳи хешутаборӣ ба ҳозирин манзур доштанд, ки ҷолиби диққат буд.
Дар фарҷом мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Хуршеда Холматова ва намояндаи Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Фароғат Садридддинова фикру андешаҳояшонро бобати чорабинӣ баён доштанд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?