Маълумот оид ба рушди иқтисодию
иҷтимоии шаҳр
Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар моҳи апрели соли 2017 ба 100,3 фоиз иҷро гардид.
Маблағгузории нафақаи моҳи апрели соли 2017
Ба ҳолати 01.05.2017 сол шумораи нафақахӯрон 17876 нафарро ташкил намуда, талаботи моҳонаи нафақа дар як моҳ 4 млн. 629 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маблағгузории нафақа дар ду навбат ба роҳ монда шуда, навбати аввал санаи 10-ум ва навбати дуюм санаи 20-уми ҳар моҳ амалӣ мешавад.
Имрӯзҳо навбати аввали пардохти нафақа дар ҳаҷми 2 млн. 29 ҳазор сомонӣ маблағзузорӣ шуда, пардохт давом дорад.
Баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои нави кории холӣ
Дар 4 моҳи соли ҷорӣ 6 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои нави кории холӣ гузаронида шуда, 35 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷои корӣ таъмин шуда, 87 нафар ба касбомӯзӣ ва 30 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб карда шуданд.
Маълумоти бозори марказии «Раъно»
Барои таъмири капиталии бозори «Раъно» аз тарафи Раёсати Тоҷикматлубот маблағ ҷудо гардида, имрӯзҳо корҳои сохтмонию ободонӣ бо мақсади муҳайё намудани шароити боз ҳам беҳтар барои фурӯшандагон бо сифати баланд идома дорад.
Рафти кор
Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Бахшида ба таҷлили 72-солагии ҷашни Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба 6 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ туҳфаи идонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 3000 сомонӣ ба ҳар як нафар, ҷамъ ба маблағи 18000 сомонӣ аз ҷониби Раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Атҳам супорида шуд.
Ҳамин гуна туҳфаи пулӣ аз номи Раиси вилоят ба 6 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ ва 11 нафар шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ меҳнати фидокорона намудаанд, дар ҳаҷми 1200 сомонӣ ба ҳар як нафар, ҷамъ ба маблағи 22200 сомонӣ аз ҷониби сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Зоҳидзода Олим супорида шуд.
Аз номи Раиси шаҳр низ тӯҳфаи пулӣ ба 6 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ва ба 11 нафар шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ меҳнати фидокорона намудаанд, дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба ҳар як нафар, ҷамъ ба маблағи 11500 сомонӣ аз ҷониби муовини Раиси шаҳр Илҳом Ҳомидӣ супорида шуд.
Дар арафаи ҷашни Ғалаба ҳамагӣ 287 нафар эҳтиёҷмандон бо маводи хӯрока, туҳфаҳои пулию идона ва маводҳои лозима ба маблағи умумии 31040 сомонӣ таъмин карда шуда, ба сарбозони дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот ҷойгиршуда дастурхони идона ба маблағи умумии 7720 сомонӣ ороста шуда, дар қисмҳои ҳарбӣ чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардид.
Кӯмаки унвонии иҷтимоии аҳолӣ
Татбиқи барномаи «Лоиҳаи таҳкими ҳифзи иҷтимоӣ» аз ҷониби бахши ҳифзи иҷтимоӣ аҳолии шаҳр қабули парвандаҳоро оид ба таъин ва гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба роҳ монда, 2618 адад парвандаҳои шаҳрвандон ба «Системаи иттилоотии кӯмаки унвонии иҷтимоии Тоҷикистон (Асист)»-и нав ворид карда шуд. Ба ҳолати то санаи 04 майи соли 2017 аз кӯмаки унвонии иҷтимоӣ 1855 нафар оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат бархӯрдор мебошанд, ки саривақт аз ҷониби Агентӣ маблағгузорӣ шуда, бо воситаи оҷонсиҳои шуъбаи №30 БДА «Амонатбонк» пардохт шуда истодааст.
Бахши саноати шаҳри Конибодом
Дар 4 моҳи соли 2017 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр ба 35 млн. 466 ҳазор расид, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 133,7 фоизро ташкил дода, ба маблағи 8 млн. 938 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар иҷрои нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ саҳми коргоҳи коркарди нафти ҶДММ “Нафтрасон” дар ҳаҷми 2 млн.626 ҳазор сомонӣ бо истеҳсоли 664 тонна сӯзишвории дизелӣ ва коргоҳи таъмири қатораҳо дар ҳаҷми 7 млн.729 ҳазор сомонӣ назаррас мебошад.
Коргоҳи коркарди нафтиҶДММ “Нафтрасон”
Коргоҳи таъмири қатораҳо
ҶДММ “Заррин Канд”
Санаи 5 майи 2017с. сехи коркарди санги ҶДММ “Заррин Канд” бо иқтидори 20 ҳазор метри мукааб сангреза дар як сол бо ташкили 11 ҷойи корӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.
Сехи коркарди санги ҶДММ “Заррин Канд”
ҶДММ “Билол Суюлин Семент”
Мувофиқи нақша дар моҳи июни соли ҷорӣ коргоҳи коркарди сементи ҶДММ “Билол Суюлин Семент” бо иқтидори 300 тонна семент дар як шабонарӯз бо ташкили 70 ҷойи корӣ ба истифода дода мешавад.
Коргоҳи истеҳсоли сементи ҶДММ “Билол Суюлин Семент”
Ҳисобот
оид ба фаъолияти бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар давраи соли 2016
Самти асосии бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳр-ин ба амал татбиқ намудани соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъминоти кафолати хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ дар маҳал мебошад.
Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, №168 «Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 31 марти соли 2014, №140 «Дар бораи тасдиқ намудани сохтори дастгоҳи Раиси вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят» фаъолияти худро аз рӯи Низомнома ва нақшаи корӣ ба роҳ монда, дар соли ҳисоботӣ корҳои муайянеро ба сомон расонид.
Бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, таҳти №437 «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» ҷиҳати самаранок дар амал тадбиқ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар шаҳри Конибодом қарори Раиси шаҳр аз 5 сентябри соли 2014, таҳти №458 ба тавсиб расид, ки тибқи он барои ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раиси шаҳр дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳаллии ҳудуди шаҳр ва муассисаи манзилию коммуналии шаҳр аз ҷониби масъулини бахш бо якҷоягии шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа вобаста ба тартиби пур кардани парвандаҳо барои гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ва ба амал татбиқ намудани низоми нави таъӣин ва пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат бо иштироки мутасаддиёни ҷамоатҳои деҳот, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, муассисаи манзилию коммуналии шаҳр ва мақомотҳои дахлдори вобаста шуда, дар маҳалҳо семинар-машварат гузаронида шуд.
Татбиқи барномаи «Лоиҳаи таҳкими ҳифзи иҷтимоӣ» қабули парвандаҳо оид ба таъин ва гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба роҳ монда шуда, дар давраи ҳисоботӣ 2000 адад аризаҳои шаҳрвандон қабул гардида, аз он аз моҳи апрел соли равон 1746 адад парвандаҳои шаҳрвандон бо «Системаи иттилоотии унвонии иҷтимоии Тоҷикистон (Асист)»-и нав ворид карда шуд. Ба ҳолати то санаи 01 январи соли 2017 аз кӯмаки унвонии иҷтимоӣ 1501 нафар оилаҳо ва шаҳрвандони кабизоат бархӯрдор мебошанд, ки саривақт аз ҷониби Агентӣ маблағгузорӣ шуда бо воситаи оҷонсиҳои шӯъбаи №30 БДА «Амонатбонк» кӯмакпулиҳо пардохт шуда истодааст.
Инчунин, ҷиҳати мақсаднок истифодабарии маблағҳои кӯмакпулӣ ва самаранок дар амал тадбиқ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар шаҳри Конибодом дар якҷоягӣ бо шӯъбаи филиали №30-и БДА «Амонатбонк» ҳар семоҳа санади муқоисавӣ тартиб дода шуда, барои саривақт дастрас намудани маблағи кӯмакпулӣ ба гирандагони кӯмаки унвонии иҷтимоӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст, яъне огоҳиномаҳо оид ба таъӣин намудани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат бо воситаи раиси кумитаҳои маҳаллии шаҳр ва шахсони масъули ҷамоати деҳот дастрас шуда истодааст.
Ҳамзамон, дар асоси мактуби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тантурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.01.2016 сол,№1.4.1/39 ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014 таҳти №437 «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оила ва шаҳрвандони камбизоат» дар барои вобаста намудани корманди масъули ҷамоатҳои деҳот қарори Раиси шаҳр аз 12 феврали соли 2016, таҳти №91 ба тасвиб расид, ки дар ин самт фаъолияти кории ҷамоатҳои деҳот ҷоннок карда шуд.
Аз ҷониби мутахассисони бахш дар кумитаҳои маҳаллӣ санҷиши мутақобилаи дурустии маълумотҳо аз тарафи шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат пешниҳодгардида гузаронида шуд, ки аз натиҷаи он гузориш ба унвони муовини Раиси шаҳр пешниҳод карда шуд.
Дар маҷлиси машваратии назди муовини Раиси шаҳр оид ба соҳаи иқтисодиёт ва савдо гузориши натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда бо иштироки шахсони масъули ҷамоат ва раисони кумитаи маҳаллаи шаҳр баррасӣ карда шуд ва баҳри ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта шахсони масъул вазифадор карда шуданд.
Инчунин, баҳри таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 232 «Дар бораи тасдиқи тартиби таъин ва пардохти кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони то синни 16 сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2013, №459 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №232» тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, барои таъӣин ва пардохти кӯмапулии давлатӣ ба 4(чор) нафар кӯдакони то синни 16 сола, ки мубталои вируси норасоии масъунияти одам ва бемории паӣдошавии норасоии масуният мебошанд, дархости молиявиро барои пардохти кӯмакпулӣ ба Вазорати тандулустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон саривақт пешниҳод карда шуда, кӯмакпулӣ барои соли 2016 пурра пардохт гардид.
Ҳамзамон баҳри таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2013, № 293 «Дар бораи Тартиб ва шарҳои пардохти кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат» дар давраи ҳисоботӣ 716 нафар нафақахӯрон вафот карданд, аз онҳо ба 194 нафари онҳо ҳамчун оилаи камбизоат 155 ҳазору 200 сомонӣ ҷубронпулӣ барои дафн пардохт карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки ҳифзи иҷтимоӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорист ва дар арафаи ҷашнҳои миллию давлатӣ ва анъанавию суннатӣ аёдат намудани оилаҳои камбизоат, шахсони яккаву танҳо, оилаҳои шаҳидони ҷанг, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, фидокорони меҳнати ақибгоҳ, иштирокчиёни садамаи Чернобил ва ашхоси мансуб ба гурӯҳи осебпазири ҷомеа аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳр, ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва шахсони соҳибкору саховатпеша ба ҳукми анъана даромадааст.
Бо мақсади амалӣ гардонидани иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, таҳти №АП-159 ва амри Раиси вилояти Суғд аз 7 майи соли 2014, таҳти №65 барои ташкил намудани аёдат ва расонидани кӯмакҳои моддӣ аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои сарпараст ва соҳибкорони саховатманд вобаста шуда ба хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва ятимон, собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрон, оилаҳои бесарпараст, табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта, барои хизматчиёни ҳарбии дар ҳудуди шаҳру деҳот буда, тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.
Баҳри таъмини иҷроиши барқияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 15.02.2016 сол,таҳти №30-2тф ва тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати ташкил ва гузаронидани чарабиниҳо оид ба расонидани кӯмакҳои моддӣ ба оилаҳои шаҳидони сохти Конститутсионӣ, сарбозони ҷанговарони байналмиллал ва иштирокчиёни рафъи садамаи «Чернобил» бахшида ба Рӯзи 23-юмин солгарди таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида, аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо идораю корхонаҳои сарпараст ва соҳибкорони саховатманд дар арафаи рӯзҳои ид ҳамагӣ 265 нафар оилаҳои барқароркунандагони сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ ва собиқадорони артиш аёдат карда шуда, ба маблағи 11400 сомонӣ кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шудаанд.
Ҳамчунин ба сарбозону афсарони қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр, аз ҷумла қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон №04080, се дидбогоҳи қӯшунҳои сарҳадӣ ва ду мавзеи гузаргоҳҳои назоратӣ дастархони идона ороста шуда, барои низомиён бо иштироки ҳунармандони шӯъбаи фарҳанги шаҳр барномаҳои идонаи бадеию консертӣ баргузор карда шуд.
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлат дар ҷодаи дастгирии занон ва духтарон, қадршиносӣ ва саҳми арзандаи онҳо дар пешбурди ҳаёти ҷамъиятӣ, таъмини фаъолнокии минбаъдаи онҳо, таҳкими нақш ва мақоми модар дар ҷомеа ва баҳри иҷроиши Қарори Раиси вилояти Суғд аз 05 феврали соли 2016, таҳти №67 «Дар бораи таҷлили Рӯзи модарон» аз ҷониби бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳр бо якҷоягии шӯбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чораву тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.
Ҷиҳати татбиқи ҳамаҷонибаи нақшаи чорабиниҳои пешбинигардида дар арафа ва рӯзҳои ҷашн аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва шахсони соҳибкору саховатпеша 183 нафар занони собиқадор, модарони дар сохти барқароркунии конститутсионӣ фарзандгумкарда ва яккаву танҳо аёдат карда шуда, ба онҳо ба маблағи 6900 сомонӣ кӯмакҳои пулию моддӣ расонида шуданд.
Ҳамзамон, дар арафаи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз ба мактаб-парастишгоҳ, барои пиронсолону маъюбон ва ятимон, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои камбизоат ва оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта, барои хизматчиёни ҳарбии дар ҳудуди шаҳру деҳот буда, чораву тадбирҳои саривақтӣ андешида, табақаҳои мазкури аҳолӣ бо дастгириву кӯмакҳои моддӣ фаро гирифта шуданд.
Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд тасдиқ гардидааст, аз тарафи ташкилотҳои сарпарасти мактаб-парастишгоҳи шифоии №40, яъне ҶСК «Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд» ба 97 нафар хонандагону тарбиятгирандагони мактаб-парастишгоҳ барои оростани дастурхони идона ба маблағи 3500 сомонӣ ва барои таъмири ороиши муассисаи таълимӣ ба миқдори 5000 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 8500 сомонӣ кӯмакҳои пулию моддӣ расонида шуд. Аз ҷониби Донишкадаи кӯҳии металургияи Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон маводҳои хӯрока ба монанди: орд, равғани растанӣ ва гӯшт ба маблағи 1190 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шуд.
Ҳамчунин, дар арафаи таҷлили ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз аз номи Раиси вилояти Суғд ба 6 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони барӯманди шаҳр тӯҳфаи идонаи пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба ҳар як нафар, ҷамъ ба маблағи 3000(се) сомонӣ аз ҷониби сардори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд Иномов А. супорида шуд.
Ҳамзамон, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷониби соҳибкорони саховатпеша дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз тӯӣи хатнасурии 18 нафар фарзандони оилаҳои камбизоати ниёзманд ташкил карда шуда, ба онҳо тӯҳфаҳои тӯёна ба маблағи 7950 сомонӣ тақдим карда шуд. Инчунин, ба 15 нафар маъюбони мӯҳтоҷ бо маводҳои хӯрока ба маблағи 650 сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шуда, 1(як) нафар маъюбӣ эҳтиёҷманд бо аробачаи маъюбӣ таъмин карда шуд.
Инчунин, барои хизматчиёни қисмҳои низомии дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот мавҷудбуда дастурхони идона ба маблағи 3970 сомонӣ ороста, барномаҳои идонаи консертӣ намоиш дода шуд.
Дар маҷмӯъ мувофиқи шаҳр дар арафа ва рӯзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз аз тарафи идора ва корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои сарпарастони вобаста шуда ва соҳибкорони саховатпеша 1727 нафар эҳтиёҷмандон аёдат карда шуда, ба маблағи умумии 117568 сомонӣ бо маводҳои хӯрока, тӯҳфаҳои пулию идона ва маводҳои лозима таъмин карда шуданд.
Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 31 марти соли 2016, таҳти №151 бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиён ва посдории хотираи қурбониёни бартарафкунии садама дар Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил қарори Раиси шаҳри Конибодом низ аз 06 апрели соли 2016, таҳти №188 «Дар бораи гузаронидани Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил» тасвиб расида, нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасдиқ гардидааст.
Дар ин доира аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳр, ҷамоатҳои деҳот дар якҷоягӣ бо Шӯрои ташкилоти ҷамъиятиии «Иттифоқи маъюбони Чернобил»- шаҳр ба 13 нафар оилаҳои бесаробонмонда ва ба 15 нафар маъюбони барҷомондаю бемор, ҷамъ ба маблағи 3050 сомонӣ бо маводҳои хӯрока ва кӯмаки яквақтинаи пулӣ расонида шуд.
Ҳамчунин, тибқи ариза ва муроҷиати шаҳрвандони русзабон оиди расонидани кӯмаки моддӣ бахшида ба Иди пасха ба 25 нафар этиёҷмандони русзабон кӯмакпулии яквақтаина дар ҳаҷми 35 (сию панҷ) сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 875 сомонӣ кӯмакпулӣ расонида шуд.
Ҳамзамон, ба муносибати таҷлили 71 солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба 7 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ тӯҳфаи идонаи Асосгузорӣ сулҳи Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 2000 сомонӣ ба ҳар як нафар, ҷамъ ба маблағи 1400 сомонӣ аз ҷониби намояндаи Роҳбари дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Саӣфиддин супорида шуд. Ҳамин гуна тӯҳфаи пулӣ аз номи Раиси вилояти Суғд дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ва Раиси шаҳр дар ҳаҷми 500 сомонӣ супорида шуд. Баҳри супоридани ин тӯҳфаи идона намояндагон ба хонадони иштирокчиёни ҷанг ташриф оварда, ҳар яке онҳоро бо Иди Ғалаба табрик ва паёмҳои самимонаи Президенти мамлакат ва Раиси вилоятро расониданд. Инчунин, зимни ин дидорбинӣ ба 6 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарулибос ва поӣафзал тӯҳфа карда шуд.
Чунин ҳадяҳои пулӣ ба 21 нафар собиқадорони ақибгоҳ низ аз ҷониби Раиси вилоят 800 сомонӣ ва Раиси шаҳр дар ҳаҷми 400 сомонӣ тақдим гардида, дар хонадони онҳо аёдату дидорбиниҳо гузаронида шуд.
Ҳамзамон, ташаббусу иқдоми ҷамоатҳои деҳот, ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати аёдату дидорбинии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар арафаи ид ва бо ғамхориҳо фаро гирифтани онҳо тибқи нақшаи пешакӣ амалӣ гардонида шудаанд. Мувофиқи шаҳр дар арафаи ҷашни Иди Ғалаба аз тарафи идора ва корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои сарпарастони вобаста шуда ва соҳибкорони саховатпеша 521 нафар эҳтиёҷмандон, аз он ҷумла 7 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 15 нафар собиқадорони ақибгоҳ бо маводҳои хӯрока, тӯҳфаҳои пулию идона ва маводҳои лозима ба маблағи умумии 41445 сомонӣ таъмин карда шуданд.Инчунин, барои сарбозони қисмҳои низомии дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот ҷоӣгиршуда дастурхони идона ба маблағи умумии 4720 сомони ороста шуда, чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ баргузор карда шуд.
Санаи 1 июни соли равон чорабинии идонаи фарҳангӣ таҳти унвони «Кӯдакон сарвати бебаҳои миллатанд» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар маркази боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳр дар саҳти баланд доир карда шуд.
Ҳамзамон, дар ин рӯз сабқати телевизионӣ таҳти унвони «Парастуи орзу» баргузор гардид, ки дар он раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, коргоҳҳо, раисони Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ, кумитаҳои маҳаллӣ, ходимони дин, фаъолон ва соҳибкорон ширкат варзида, баҳри ғанӣ гардонидани хазинаи кӯдакони шаҳр саҳм гузоштаанд. Маблағи умумии аз сабқати телевизионии хайриявӣ воридгардида 25100 (бисту панҷ ҳазору сад) сомониро ташкил намуд.
Баҳри иҷрои барқияи муовини Раиси вилояти Суғд аз 14 июни соли 2016, таҳти №149-5тф оид ба расонидани кӯмакҳои моддӣ аз тарафи ташкилоту идораҳо, корхонаҳои сарпараст ва муассисаҳои вобасташуда дар арафа ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои камбизоат ва оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта, шахсони яккаву танҳо ва барои хизматчиёни ҳарбии дар ҳудуди шаҳру деҳот буда, чораву тадбирҳои саривақтӣ андешида, табақаҳои мазкури аҳолӣ бо дастгириву кӯмакҳои моддӣ фаро гирифта шуданд.
Аз ҷониби муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ ба 73 нафар оилаҳои камбизоат, ятимон, маъбон, собиқадорони соҳа, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ маводҳои хӯрока ба маблағи 1870 сомонӣ ёрии моддии яквақта расонида шуд.
Муассисаҳои соҳаи иқтисодиёт, савдо ва иҷтимоиёт 25 нафар маъюбон, пирони барҷомонда ва оилаҳои камбизоатро бо маводи хӯрока ба маблағи 1410 сомонӣ аёдат намудаанд.
Ҳамзамон, аз тарафи корхонаҳои соҳаи саноат, нақлиёт ва алоқа 26 нафар ниёзмандон ба маблағи 1680 сомонӣ, аз тарафи ташкилотҳои сохтмонӣ 14 нафар оилаҳои камбизоат ва собиқадорони соҳа ба маблағи 910 сомонӣ ва аз тарафи хоҷагиҳои соҳаи кишоварзӣ ба 6 нафар собиқдорони соҳа ба маблағи 360 сомонӣ, аз тарафи соҳибкорон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба 25 нафар ниёзмандон ба маблағи 2450 сомонӣ маводҳои хӯрока дастрас карда шуд.
Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва 6 ҷамоатҳои деҳот ба беморхонаи касалиҳои руҳии шаҳр, ки дар он 65 нафар беморон табобат гирифта истодаанд, ба маблағи 12685 сомонӣ маводҳои хӯрокворӣ ва молҳои хоҷагии зарурӣ дасрас гардид. Аз ҷониби кумитаи махаллаҳои худуди шаҳр низ бо дастгирии сарпарастон ба 42 нафар ниёзмандон ба маблағи 1870 сомонӣ маводи хӯрокворӣ ҳамчун ёрии моддии яквақта дастрас карда шуд.
Ҳамчунин тибқи барқияи №93-2/15 аз 13 июни соли 2016 ва дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ 25 нафар оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюб дошта, оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони сохторҳои қудратӣ, ки баҳри барқароркунии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, ҳалок гаштанд аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот ба маблағи 1960 сомонӣ аёдат ва кӯмакҳои моддӣ расонида шуданд.
Ҳамзамон, барои хизматчиёни қисмҳои низомии дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот мавҷудбуда дастурхони идона ба маблағи 1900 сомонӣ оросташуда, барномаҳои идонаи консертӣ ташкил карда шуд.
Дар арафа ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз тарафи идораю муассисаҳо ва корхонаву ташкилотҳо, соҳибкорон ва сарпарастон ҷамъ 302 нафар эҳтиёҷмандон аёдат карда шуда, маблағи умумии он 23929 сомониро ташкил медиҳад.
Дар арафаи иди Саиди Фитр аз тарафи идораю муассисаҳо ва корхонаву ташкилотҳо, соҳибкорон ва сарпарасторон ҷамъ 1218 нафар шахсони эҳтиёҷманд аёдат карда шуда, ба маблағи умумӣ 121986 сомонӣ кӯмакҳои моддию пулӣ расонида шудаанд.
Бахшида ба рӯзи маъюбон санаи 7-уми июли соли 2016 дар тарабхонаи «Корвон» ба 60 нафар маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд ба маблағи 2400 (ду ҳазору чорсад) сомонӣ дастурхони идона ороста шуд.
Инчунин санаи 8 июли соли 2016 дар қасри «Арбоб»-и ноҳияи Б.Ғафуров бахшида ба рӯзи маъюбон чораҷӯии вилояти баргузор гардид, ки дар он 1 нафар фарзанди оилаи маъюб аз ҷамоати деҳоти А.Лоҳутӣ тӯйи хатнасур гузаронида шуда тӯҳфаи тӯйёна ва ба маблағи 1000 (як ҳазор) сомонӣ ва ба шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи шаҳр ба маблағи 2500 (ду ҳазору панҷсад) сомонӣ кӯмакпулӣ аз ҷониби Раиси вилоят супорида шуд.
Ҳамзамон, ба 20 (бист) нафар маъюбони эҳтиёҷманд, ки ба муносибати Рӯзи маъюбон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми ба ҳар як нафар 100 сомонӣ ҷудо карда шудааст, тибқи рӯӣхати ведомости пардохт бо воситаи шӯъбаи Амонатбонк дастрас карда шуд.
Ҳамчунин, дар арафаи соли хониши нави 2016-2017 ба 392 нафар фарзандони оилаҳои камбизоат ва бепарастор ба маблағи 17 ҳазору 640 сомонӣ бо либосҳои мактабӣ ва лавозимотҳои хониш таъмин гардиданд.
Бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва ятимон, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрон, оилаҳои бесарпараст, табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта, барои хизматчиёни ҳарбии дар ҳудуди шаҳру деҳотбуда чоравутадбирҳои саривақтӣ андешида, онҳо бо дастгириву кӯмакҳои моддӣ фаро гирифта шуданд.
Бояд зикр намуд, ки тибқи ҷадвали тасдиқгардида аз ҷониби Раиси вилоят аз санаи 30 августи соли 2016 оиди баргузории чорабиниҳо бахшида ба муносибати 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ташкилоту идораҳо, коргоҳҳои сарпараст ва муассисаҳои вобаста шуда дар мактаб- парастишгоҳи шифоии №40-и шаҳр, ки дар соли таҳсили 2016-2017 шумораи тарбиягирандагон – 123 нафарро ташкил медиҳад, аз тарафи сарпарасти таълимгоҳ ҶДММ «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» барои беҳтар намудани шароити хонандагон ва таъмири бино бо маводҳои сохтмонӣ, аз ҷумла, кафел 50м2, ранг барои фарш 200л, рангубор намудани дару тиреза 100л, шишабанди намудани тирезаҳо 80м2, асфалт барои мумфарш намудани саҳни муассиса дастрас гардида, корҳои таъмиру сохтмони анҷом дода шуданд. Инчунин, барои оростани дастурхони идона 2000 (ду ҳазор) сомонӣ бо маводҳои хӯрока кӯмакҳои моддӣ расонида шуд. Аз тарафи Донишкадаи кӯҳи металургии Тоҷикистон низ ба хонандагон лавозимотҳои хониш ба тариқи хайриявӣ пешниҳод гардид.
Ҳамчунин, ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашн тӯҳфаи пулӣ аз номи Раиси вилоят ба 8 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони барӯманди шаҳр дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба ҳар яки онҳо кӯмакпулии яквақтина дастрас карда шуд.
Аз ҷониби ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр бо дастгирии соҳибкорон, вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони саховатманд ба 477 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, маъюбон, оилаҳои бесарпараст, оилаҳои иштирокдорони сохти конститутсирнӣ, табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта ба маблағи 27 ҳазору 839 сомонӣ маводҳои хӯрока ва кӯмакпулиҳои яквақта дастрас карда шуданд.
Инчунин, аз тарафи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ва соҳибкорони шаҳр 344 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд аёдат карда шуда, ба онҳо ба маблағи 19 ҳазору 742 сомонӣ кӯмак ба тариқи хӯрокворӣ ва кӯмакпулиҳои яквақта дастрас карда шуд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба 15 нафар оилаҳои сарбозоне, ки барои ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюб, ҳалок ва бе ному нишон гаштанд, бо маводҳои хӯрока ба монанди орд, равған, биринҷ ва макарон ба маблағи 1500 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шуд.
Дар маҷмӯъ, дар арафа ва рӯзҳои иди ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи идораю корхонавҳо, ташкилоту муассисаҳо ва сарпарастон ба 967 нафар мӯҳтоҷон бо маводҳои хӯрока ва кӯмакпулии яквақтина ба маблағи умумии 58751 сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шудааст.
Инчунин, барои афсарон ва сарбозони ҳамаи қисмҳои низомии дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот ҷойгиршуда барои оростани дастурхони идона ба маблағи 3670 сомонӣ маводҳои хӯрока дастрас гардида, барномаҳои идонаи консертӣ намоиш дода шуданд.
Бояд зикр намуд, ки Иди мубораки Қурбон дар фарҳанги исломӣ ҷойгоҳи хоса дошта, аз ҷумла қадимтарин ва азизтарин маросими суннатии мусалмонон ба ҳисоб меравад, зеро ҷавҳари онро ормонҳои башардӯстиву шавқат ташкил медиҳад.
Дар шаҳрамон Иди саиди Қурбон дар сатҳи баланди маънавӣ таҷлил гардида, дар арафа ва рӯзҳои ид аз ҷониби ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр бо дастгирии соҳибкорон, вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони саховатманд ба 425 нафар собиқадорон ва маъюбони ҷангу меҳнат, шахсони барҷомонда, оилаҳои бесарпараст, ятимон ва нимятимон, оилаҳои яккаву танҳо, табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта ба маблағи 21 ҳазору 988 сомонӣ маводҳои хӯрока ва кӯмакпулиҳои яквақта дастрас карда шуданд.
Инчунин, бо дастгирии вакили Маҷлиси шаҳрӣ М.Деҳқонова, вакили Маҷлиси вилоятӣ М.Тӯлқунбоев ва вакили Маҷлиси маҳалӣ Ҷ.Деҳқонов хатнасури 6 нафар фарзандони оилаҳои камбизоат гузаронида шуда, ба кӯдакон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ҳамзамон, аз тарафи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ва соҳибкорони шаҳр 248 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд аёдат карда шуда, ба онҳо ба маблағи 16 ҳазору 129 сомонӣ кӯмак бо намуди хӯрокворӣ ва кӯмакпулиҳои яквақтина дастрас карда шуд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ ба 22 нафар оилаҳои зиёда аз ду маъюбдошта, кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд маводҳои хӯрока ба маблағи 1 ҳазору 760 сомонӣ аёдат карда шуда, инчунин, ба ду нафар шахсони маъюб Ахмедов Салим ва Расулова Рисолат аробачаи маъюбӣ аз номи Раиси шаҳр тақдим карда шуд.
Дар маҷмӯъ, дар арафа ва рӯзи Иди саиди Қурбон мувофиқи шаҳр аз тарафи идораю муассисаҳо ва корхонаву ташкилотҳо, сарпарастон ба 703 нафар мӯҳтоҷон бо маводҳои хӯрока ва кӯмакпулии яквақта ба маблағи умумии 46 ҳазору 677 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шудааст.
Инчунин, барои афсарон ва сарбозони ҳамаи қисмҳои низомии дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот буда барои оростани дастурхони идона ба маблағи 2800 сомонӣ маводҳои хӯрока дастрас гардида, барномаҳои идонаи консертӣ намоиш дода шуданд.
Ҷиҳати гузаронидани чораҷӯи бахшида ба Рӯзи 1 октябр – Рӯзи куҳансолон тадбирҳои зарури андешида шуда, дар маркази хизматрасонии иҷтимои дар хона барои 25 нафар пиронсолони яккаву танҳо ва бошандагони будубоши рӯзона дастурхони идона ба маблағи 375 сомонӣ ташкил карда шуд.
Бахшида ба таҷлили Рӯзи нобиноён дар қаламрави шаҳр як қатор тадбирҳои судманд андешида шуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ин ид санаи 15 октябри соли 2016 бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Боиси қайд аст, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати Рӯзи нобиноён дар тарабхонаи «Гули Бодом» ба 250 нафар нобиноён дастурхони идона ба маблағи 4500 (чор ҳазору панҷсад) сомонӣ ороста шуда, барои болида гардонидани табъи нобиноён аз тарафи шӯъбаи фарҳанг барномаи консертӣ намоиш дода шуд.
Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани 22-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳри дастгири намудани оилаҳои эҳтиёҷманд аз тарафи ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои сарпараст ва соҳибкорон ба 388 нафар оилаҳои камбизоат, оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта, шахсони яккаву танҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ба хизматчиёни ҳарбӣ ҷамъ ба маблағи 24524 (бисту чор ҳазору панҷсаду бисту чор) сомони кӯмакҳои моддӣ расонида шуданд.
Инчунин, бахшида ба таҷлили 16 – ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои афсарон ва сарбозони ҳамаи қисмҳои низомии дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот буда барои оростани дастурхони идона ба маблағи 4000 сомонӣ маводҳои хӯрока дастрас гардида, барномаҳои идонаи консертӣ намоиш дода шуданд.
Бахшида ба таҷлили 24 – ноябр Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳр як қатор тадбирҳои судманд андешида шуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ин ид дар маркази шаҳр ва қасри фарҳангии мошинсозон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар арафа ва рӯзҳои ид аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои деҳот ва идораю ташкилоту муассисаҳои сарпараст 94 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд аёдат карда шуда, ба маблағи 4350 сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шуданд.
Дар арафаи Рӯзи байналмилалии маъюбон муовини Раиси шаҳр И.Ҳомидӣ ва мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Н.Мамадов ба маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон ташриф оварда, аз вазъи фаъолият, шароит ва муаммоҳои муассиса шиносоӣ пайдо карданд. Аз тарафи муассисаи мазкур дар ин ҷо хизматрасонии иҷтимоии «Будубоши рӯзона» ташкил карда шуда, 26 нафар пиронсолону маъюбони яккаву танҳо бо шароити хуби зист ва хӯроки гарм фаро гирифта шуданд. Дар арафаи ид бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои бошандагон дастурхони идона ороста шуда, барои болида гардонидани онҳо аз тарафи шӯъбаи фарҳанг барномаи консертӣ намоиш дода шуд.
Ҳамзамон, бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар арафаи Рӯзи байналхалқии маъюбон аз ҷониби ҷамоатҳои деҳот ба 7 нафар оилаҳое, ки фарзандонашон дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ширкат намуда беному нишон шудаанд, барои зимистонгузарони бо ангиштсанг ва ҳезум таъмин гардиданд. Инчунин, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои зимистонгузаронӣ 75 оилаҳои маъюбдошта, барҷомонда ва камбизоаттаринҳо бо 3 халтагӣ ангишт дастрас карда шуд.
Аз тарафу ташкилоту корхонаҳо, идораю муассисаҳо, хоҷагиҳо ва соҳибкорони сарпарасти шаҳр ба муносибати ин ид аёдати 239 нафар оилаҳои маъюбон, барҷомонда ва ниёзмандонро ба роҳ монда, ба маблағи 18990 сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.
Дар арафаи Соли Нави мелодии соли 2017 ба мактаб – парастишгоҳ, ба пиронсолону маъюбон ва ятимон, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои камбизоат ва оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта, ба хизматчиёни ҳарбии қисмҳои низомии дар ҳудуди шаҳру деҳот ҷойгир буда чораву тадбирҳои саривақтӣ андешидашуда табақаҳои мазкури аҳолӣ бо дастгириву кӯмакҳои моддӣ фаро гирифта шуданд.
Муфовиқи шаҳру деҳот дар арафаи иди Соли нав аз тарафи идора ва корхонаву ташкилотҳо, сарпарастон ҷамъ 1440 нафар эҳтиёҷмандон бо маводҳои хӯрока, тӯҳфаҳои солинавӣ, пойафзолу сару либоси зимистона ва маводҳои сӯхт барои зимистонгузаронӣ ба маблағи умумии 129039 сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шуданд.
Дар маҷмӯъ, мувофиқи шаҳру деҳот дар давраи соли 2016 кӯмакҳои расонидашуда 9159 нафар шахсони мӯҳтоҷ ва оилаҳои эҳтиёҷмандро дарбар гирифта, маблағи умумии он 666145 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, тибқи муроҷиати 4 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд барои ҷойгир намудан ба хона – интернати махсус ва хона – интернати маъюбону пиронсолон ҳуҷҷатҳои лозимӣ омода гардида пешниҳод карда шуд, ки аз он 2 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд бо дастгирии шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд ба хона – интернати пиросолон ва маъюбони шаҳри Хуҷанд ҷойгир карда шуд. Дар давраи соли соли 2016 ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимии маъюбон» ва тибқи «Қоидаҳои бо воситаҳои техникӣ тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон» ба 35 нафар шахсони эҳтиёҷманд асо ва асобағал бо таври ройгон дастрас шуда, 13 нафар маъюбон бо аробачаи маъюбӣ таъмин гаштанд. Дар давраи ҳисоботӣ дархости рӯйхати ном ба номи нафақагирони шаҳри Конибодом барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои гирифтани кӯмакпулӣ ба ивази роҳхати истифоданашудаи хизмати санаторию курортӣ дар соли 2016 ҳуқуқ доранд, пешниҳод карда шуд. Дар ин давра ба 34 нафар нафақагирони шаҳр ба ивази роҳхати истифоданашудаи хизмати санаторию курортӣ кӯмакпулӣ дар ҳаҷми 800 сомонӣ ҷамъ ба маблағи 27200 (бисту як ҳазору шашсад) сомонӣ бо воситаи ШБДА №30-и «Амонатбонк»дастрас карда шуд.
Дар Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба 86 нафар пиронсолон ва маъюбони яккаву танҳо, инчунин ба 9 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд бо таври ройгон хизмати иҷтимоӣ расонида мешавад. Аз ҳудуди шаҳр 48 нафар ва аз ҳудуди ҷамоатҳо 38 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 44 нафар занон ва 42 нафар мардҳо мебошанд. Аз 86 нафар эҳтиёчмандон: маъюбӣ гурӯҳи якӯм - 9 нафар, маъюбӣ гурӯҳи дуюм - 17 нафар, гурӯҳи сеюм - 5 нафар, собиқадорони ақибгоҳ - 1 нафар, оилаи бесаробон – 1 нафар ва 53 нафар пиронсолони яккаву танҳо мебошанд.
Дар назди Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ «Буду боши рӯзона» барои 26 нафар маъюбон ва пиронсолони яккаву танҳо ташкил карда шудааст, ки ҳар рӯз онҳо як маротиба бо хӯроки гарм таъмин гардида, барои онҳо шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Дар ин муассисаи иҷтимоӣ иду маросимҳо ботантана ҷашн гирифта мешавад. Инчунин, барномаи телевизионӣ оид ба фаъолияти муассисаи маркази хизматрасонии иҷтимоии мазкур ташкил карда шуда, бошандагони ин муассиса аз хабар ва навигариҳои рӯзмарра бохабар карда мешаванд.
Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳр ва дар ду ҷамоатҳои деҳот - Патар ва ба номи Р.Ҳамробоев лоиҳаи «Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷомеа» дар шаҳри Конибодом аз ҷониби ташкилоти байналхалқии «Каритас-Олмон» бо воситаи ташкилоти ҷамъиятии «Пайванди шаҳрвандӣ» ба амал татбиқ шуда истодааст, ки мақсади ин лоиҳа – беҳтар кардани сатҳи зиндагонии шахсони имконияташон маҳдуд мебошад. Дар чорчӯбаи ин лоиҳа корҳои зерин ба анҷом расонида шудааст:
-17 нафар кормандони тавонбахшӣ аз омӯзишҳо гузаронида шудаанд. Ҳоло, онҳо бо 166 нафар кӯдакони имконияташ маҳдуди синну солашон гуногун кору фаъолият бурда истодаанд. Аз ин шумораи кӯдакон: 80 нафар дорои нуқсони ҳаракат, 35 нафар дорои нуқсони нутқӣ, 11 нафар дорои нуқсони биноӣ, 2 нафар дорои нуқсони шунавоӣ ва 13 нафар дорои нуқсони ақлонӣ мебошанд;
-Дар шаҳру ҷамоатҳои деҳот 19 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд бо таълими фарогир (инклюзивӣ) ба муассисаҳои таълимӣ ҷалб карда шуда, аз онҳо 11 нафар кӯдакон бо касбҳои гуногун омӯзонида шуданд.
Инчунин, аз рӯи барномаи мазкур дар маркази ёрии иҷтимоӣ ҳуҷраи «Модар ва кӯдак» ташкил карда шудааст,ки аз тарафи кормандони тавонбахшӣ ҳафтае ду маротиба бо модару кӯдаки имконияташ маҳдуд бозию машғулиятҳо гузаронида мешавад. Ҳамзамон, дар бинои Маркази саломатии №1 ҳуҷраи қабули мутахассисон таъмир ва таҷҳизонида шуда, мизоҷонро қабул карда истодаанд.
Ҳамзамон, аз ҷониби бахш қабули муроҷиати шаҳрвандонро доир ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳоли ташкил намуда, дар ин давра 656 адад аризаю муроҷиатҳои шаҳрвандон баррасӣ гардида, аз он 292 адад муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон оид ба расонидани кӯмакҳои моддӣ, ба 152 нафар шаҳрвандони оилаҳои камбизоат оид ба гирифтани кӯмакпулӣ барои хароҷоти дафн ва ба 212 нафари онҳо барои муолиҷа ҳамчун оилаи камбизоат эътироф гардидааст, маълумотнома дода шуд ва инчунин, 102 адад дархосту мактубҳои ташкилоти муассисаҳо доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардида, ба таври мусбӣ ҳаллу фасл карда шуд.
Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ, баҳри амалӣ намудани татбиқи қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раиси шаҳр ва ҳамчунин, ҷиҳати гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳо оид ба бо ғамхорӣ фаро гирифтани табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ҳамаи имкониятҳоро равона намуда, тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Маълумот
оид ба татбиқи механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №437 ва аз 1 октябри соли 2016, №416
дар шаҳри Конибодом
Дар асоси муқаррароти Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Стратегияи паст кардани камбизоатӣ механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат бар ивази механизми қаблӣ – ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табии ва кӯмакпулӣ барои мактаббачаҳои оилаҳои камбизоат, ки фарзандонашон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар синфи 1-9 таҳсил менамоянд, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №437 «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавиии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» дар шаҳри Конибодом аз 1 июли соли 2014 ҷорӣ карда шуда, аз моҳи ноябри ҳамин сол ба амал татбиқ карда шуд. Ҳамзамон, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016, №416 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2016, №437» механизми таҷрибавии таъин ва пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар шаҳри Конибодом идома дода шуд.
Дар раванди амалсозии механизми нави таъин ва пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ бо истифода аз усули «арзёбии ғайрмустақими эҳтиёҷмандӣ» дар шаҳр, ҳамчун таҷрибавӣ собит сохт, ки он аз чунин бартариятҳо бархурдор аст:
1. Сатҳи камбизоатии оила бо истифода аз усули «арзёбиии ғайримустақими эҳтиёҷмандӣ» дар асоси ба индикаторҳои молумулкӣ, демографӣ ва хароҷотнокии оила ва дигар омилҳои камбизоатӣ (маъюбӣ, бесаробонӣ, теъдоди фарзандони ноболиғи оила ва ғайра) баҳогузорӣ карда мешавад.
2. Тибқи қоидаҳои нав қариб ҳамаи ташвишҳои шаҳрвандон барои ҷамъоварии маълумоти гуногун барҳам дода шуда, кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ танҳо бо пешниҳоди ариза, маълумотнома дар бораи хайати оила ва маълумотнома оид ба даромад ва молу амволи аъзоёни оила таъин карда мешавад.
3. Кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар натиҷаи коркарди маълумот тавассути барномаи электронии «Системаи иттилооти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ» бо истифодаи системаи баҳодиҳии холҳо таъин карда мешавад, ки ин омил шаффофият ва дахлнопазирии қабули қарорро комилан таъмин менамояд.
4. Андозаи кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ ба оилаҳои камбизоат барои як оила дар як сол 400 (чорсад) сомонӣ муқарраргардида, ҳар як семоҳа дар ҳаҷми 100 (сад) сомонӣ пардохт карда мешавад, нисбат ба механизми қаблӣ (куҳна) ба зиёда 2,1 маротиба афзоиш ёфтааст, ки он ба некӯаҳволии моддии оила ва камбизоат тақвият мебахшад.
5. Оилаҳои камбизоат онҳое ҳисобида мешаванд, ки дар муносибатҳои хешутаборӣ қарор дошта, якҷоя зиндагӣ мекунанд, рӯзгори муштаракро пеш бурда, моликияти умумиро истифода мебаранд ва барои мустақилона аз шароити душвори зиндагӣ баромадан имконият надоранд.
Бояд қайд кард, ки усули арзёбии ғайримустақими эҳтиёҷмандц ҳамчун усули муайянкунандаи арзёбии сатҳи зиндагии оила маҳсуб ёфта, дар асоси нишондиҳандаҳои (индикаторҳои) тағйирёбанда, ки барои ҳисоби формулаи арзёбии ғайримустақими эҳтиёҷмандии оила истифода бурда мешавад ва сатҳи камбизоатии оиларо барои таъин намудани кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ муайян месозад.
Инчунин, бояд зикр намуд, ки дар оғози амалишавӣ механизми нав аз камбудиҳо низ холӣ набуд, ки инҳо мебошад:
-тартиби пур кардани варақаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ва раисони кумитаҳои маҳалла риоя карда нашудааст, яъне ҳамаи ҳошияҳои ариза ва маълумотнома дар бораи ҳайати оила дуруст пур карда шудаанд;
-маълумотҳо дар бораи даромад ва амволи ҳамаи аъзои оилае, ки аз ҷониби шаҳрванд пешниҳод шудаанд, аз ҷониби раисони кумитаҳои маҳалла тафтиш накарда, қабул намудаанд ва барои дурустии он имзо гузоштанд.
Ҳамин гуна хатоҳо дар нодуруст пур кардани ном, насаб ё рақами шиноснома боиси аз ҷониби шуъбаи «Амонатбонк» напардохтани кӯмакпулии таъингардида мебошад, ки баъд аз пур кардани қисми мазкур он бояд бодиққат тафтиш карда шавад.
Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои дар боло зикргардида аз ҷониби бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ дар вохӯриҳо байни аҳолии шаҳр дар ин самт гузаронида шуда истодааст ва инчунин, 2 маротиба семинар - машварат бо иштироки ҳамаи раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр ва дар ҷамоатҳои деҳот бо кормандони масъулини вобасташуда, раисони маҳаллаҳо ва фаъолони ҷамоат гузаронида шуд.
Ҳамзамон, ба ҳолати 1.02.2017с. шумораи оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, ки тибқи «Системаи иттилотии унвонии иҷтимоии Тоҷикистон (АСИСТ)»-и нав аз кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ бархӯрдор мебошанд, мувофиқи шаҳр 1720 нафарро ташкил медиҳад.
Маълумоти Ҳифзи иҷтимоӣ 2015
Бахши Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, №168 «Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Раиси вилояти Суғд аз 31 марти соли 2014, №140 «Дар бораи тасдиқ намудани сохтори дастгоҳи Раиси вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят» ва тибқи Низомнома фаъолияти худро ба роҳ монда, дар соли сипаришуда мувофиқи нақша корҳои муайянеро ба сомон расонид.
Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, таҳти №437 «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» ҷиҳати самаранок дар амал тадбиқ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар шаҳри Конибодом қарори Раиси шаҳр аз 5 сентябри соли 2014, таҳти №458 ба имзо расид, ки тибқи он барои ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Ҳоло, аз ҷониби масъулини бахш қабули парвандаҳо оид ба таъмин ва гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба роҳ монда, 6106 адад парванда ва аризаҳои шаҳрвандон қабул гардида, аз он 6106 парвандаи шаҳрвандон барои муайян намудани нишондиҳандаи умумии сатҳи некӯаҳволии оила ба махзани ягонаи низоми иттилоотии барномаи кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ворид намудаанд. Ба ҳолати 1 январи соли чорӣ ба 4620 нафар оилаҳо ва шаҳрвандони кабизоат кӯмаки унвонии иҷтимоӣ таъин гардиданд, ки ба маблағи 1млн 700 сомонӣ маблағгузорӣ шуда, бо воситаи оҷонсҳои шӯъбаи №30 БДА «Амонатбонк» кӯмаки унвонии иҷтимоӣ пардохт шуда истодааст.
Бо мақсади амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2011,таҳти №682 «Дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва баҳри иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 24 июни соли 2014, таҳти №283, қарори Раиси шаҳр аз 14 августи соли 2014, таҳти №413 «Дар бораи таъсис додани Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ба тасвиб расида, ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардида, дар он Низомнома ва ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон тасдиқ карда шудааст.
Баҳри иҷрои Нақшаи чорабинии Шӯрои ҳамоҳангсозии вилоят аз ҷониби бахши Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақша-чорабинии шаҳр оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон тартиб дода шуда, корҳои судманд ба анҷом расонида шуд.
Аз ҷониби масъулини соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо якҷоягии шӯъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр маълумоти мукаммал оид ба маъюбон аз рӯйи гурӯҳи маъюбӣ омода карда шуд.
Ҳамзамон, барои фароҳам овардани шароит ба шахсони нобино ва имконияташон маҳдуд аз ҷониби сармеъмори шаҳр ва шахсони масъули соҳаи сохтмон ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмони иншоотҳои иҷтимоӣ, мактабу боғча, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва роҳҳо ба инобат гирифта шуда, барои бартараф намудани монеъагиҳои вуҷуд дошта тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Ҳамчунин, дар ин давраи ҳисоботӣ 615 нафар нафақахӯрони вафот карданд, аз он тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2013, №293 «Дар барои тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат» ба 186 нафарашон ҳамчун оилаи камбизоат дар асоси маълумотномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳар як оилаи вафоткарда 800 сомонӣ ҷубронпулӣ барои дафн пардохта шуд, ки ин маблағ 148 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳудуди шаҳр 81 нафар нафақахӯрон кӯчида рафтанд, ки парвандаҳои нафақавии онҳо аз ҳисоби раёсат бароварда шуданд. Бо сабаби фавтидан ва аз ҳудуди шаҳр кӯчида рафтани нафақахӯрон 399 ҳазору 278 сомонию 01 дирам ба суратҳисоби Агентии давлатии нафақаи фонди вилоятӣ баргардонида шуд.
Дар шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона 19 воҳиди корӣ мавҷуд буда, аз онҳо 16 нафар кормандони иҷтимоӣ мебошанд, ки ба 86 нафар пиронсолон ва маъюбони яккаву танҳо аз рӯи 24 намуди хизматрасонӣ бо таври ройгон хизмат расонида истоданд. Аз онҳо 49 нафарашон дар ҳудуди шаҳр, 37 нафаррашон дар ҳудуди ҷамоат зиндагӣ менамоянд, ки аз ин шумора 49 нафар занон ва 37 нафар мардҳо мебошанд. Аз 86 нафар эҳтиёчмандон: маъюби гурӯҳи якӯм - 14 нафар, маъюби гурӯҳи дуюм - 16 нафар, гурӯҳи сеюм - 3 нафар, собиқадорони ақибгоҳ - 1 нафар, оилаи бесаробон – 2 нафар мебошанд.
Дар назди шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ «Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоии буду боши рӯзона» барои 25 нафар маъюбон ва пиронсолони яккаву танҳо ташкил карда шудааст, ки ҳар рӯз онҳо бо як маҳал хӯроки гарм таъмин гардида, барои онҳо шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Соли ҷори аз тарафи мақомоти давлатии шахр ба маркази мазкур ба маблаги 10 ҳазору 430 сомонӣ маводҳои ҳӯрока дастрас гардид. Дар ин муассисаи иҷтимоӣ иду маросимҳо бо иштироки бошандагон ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳр ва дар ду ҷамаотҳои деҳот - Патар ва ба номи Р.Ҳамробоев лоиҳаи «Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷомеа» дар шаҳри Конибодом аз ҷониби ташкилоти байналхалқии «Каритас-Олмон» бо воситаи ташкилоти ҷамъиятии «Пайванди шаҳрвандӣ» ба амал татбиқ шуда истодааст, ки мақсади ин лоиҳа – беҳтар кардани сатҳи зиндагонии шахсони имконияташон маҳдуд мебошад. Дар чорчӯбаи ин лоиҳа корҳои зерин ба анҷом расонида шудааст:
- 18 нафар кормандони тавонбахшӣ аз омӯзишҳо гузаронида шудаанд. Ҳоло, онҳо то имрӯз бо 210 нафар кӯдакони имконияташ маҳдуди синну солашон гуногун бо равияҳои тавонбахшии кӯдакони сини барвақти, касбомӯзӣ ва таълими фарогир фаъолияти худро давом дода истодаанд.
Инчунин, дар моҳи октябри соли равон чор нафар кормандони тавонбахши ба омӯзиши кор бо шахсони гунг ва ношунаво ба шаҳри Душанбе равона карда шуданд.
Дар шаҳру ҷамоатҳои деҳот 19 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд бо таълими фарогир (инклюзивӣ) ба муассисаҳои таълимӣ ҷалб карда шуда, аз онҳо ба 11 нафар кӯдакон касбҳои гуногун омӯзонида шуд.
Ба шахсони имконияташ маҳдуд аз рӯйи лоиҳа бо таври ройгон 11 адад аробачаи маъюбӣ, 11 адад уголок, 6 дона ходунок ва 2 курсичаи махсус таъмин карда шуд.
Ҳамзамон, дар бинои Маркази саломатии №1-и шаҳр ҳуҷраи қабули мутахассисон таъмир ва таҷҳизонида шуда, 4 мутахассисони барнома мизоҷонро қабул намуда истодаанд.
Бо мақсади амалӣ гардонидани иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, таҳти №АП-159 ва амри Раиси вилояти Суғд аз 7 майи соли 2014, таҳти №65 барои ташкил намудани аёдат ва расонидани кӯмакҳои моддӣ аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои сарпараст ва соҳибкорони саховатманд вобаста шуда ба хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва ятимон, собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрон, оилаҳои бесарпараст, табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта, барои хизматчиёни ҳарбии дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот буда тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Дар давраи соли 2015 кӯмакҳои расонидашуда мувофиқи шаҳру деҳот дар маҷмуъ 12086 нафар эҳтиёҷмандро ташкил намуда, ба онҳо ба маблағи умумӣ 796907 сомонӣ кӯмакҳои моддию пулӣ расонида шуд, ки аз он ҷумла:
-ба мактаб парастишгоҳи №40 барои ташкил намудани дастурхони идона 8 маротиба, маводи хӯроки ва молҳои хоҷагӣ лозимӣ ба маблағи 60539 сомонӣ;
-барои хизматчиёни қисми низомӣ ва дидбонгоҳҳои шаҳр 12 маротиба дастурхони идона дар иду айёмҳо, маводи хӯрока ва молҳои хоҷагии лозима ба маблағи 72245 сомонӣ;
-барои қисми низомии ш.Исфара маводи хӯрока ба маблағи 12600 дастрас гардид.
Инчунин, дар давраи ҳисоботи аз тарафи бахш ба 86 нафар шахсони эҳтиёҷманд ассо ва ассобағал бо таври ройгон дастрас шуда, 18 нафар маъюбон бо аробачаи маъюбӣ таъмин гаштанд.
Ҳамзамон, дар ин давра 56 адад ариза, 198 адад муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон оид ба расонидани кӯмакҳои моддӣ, 385 адад муроҷиати шаҳрвандон оид ба гирифтани кӯмакпулӣ барои хароҷоти дафн ба аъзои оилаи камбизоат ва 24 адад мактубҳои ташкилоти муассисаҳо доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардида, мусбӣ ҳаллу фасл карда шуд.