Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4302106
Сегодня
77
На этой неделе
1268
В этом месяце
4588
Итого
4302106
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

Новости города

Дата добавления: 16.08.2016

Аксияи умумивилоятии «Нури маърифат» дар кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом тибқи нақша-чорабиниҳои нимсолаи дуюм, бо ташаббус ва дастгирии вакилони шаҳрӣ, фаъолони ҳизб ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо мақсади бо маводҳои хониш таъмин намудани кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ба роҳ монда шуд.

Дата добавления: 16.08.2016

Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов барои филмҳои навбатии киностудия кастинг баргузор намуда истодааст. Кастинг барои интихоби нақшҳои асосӣ, лаҳзавӣ ва умумӣ санаҳои 14-15-уми августи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии Кохи матбуот ҷараён дорад.

Дата добавления: 16.08.2016

Дар мтму№16-и ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов бо мақсади бедор намудани эҳсоси ватандӯстиву худогоҳӣ, меҳанпарастиву хештаншиносӣ, омода намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ чорабинии ҳарбӣ-варзишии «Сипар» гузаронида шуд.

Дата добавления: 16.08.2016

Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли фарди солим ва бо мақсади рушди соҳаи варзиш байни ташкилоту муассисаҳо мусобиқаи футбол оғоз гардид.

Дата добавления: 15.08.2016

Дар фермаи зотпарварии ҶДММ «Чорводори Энаҷон Бойматова» воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пӯлодон семинар-машварати омӯзишию амалӣ дар мавзӯи «Усулҳои бордоркунии сунъии Чорвои калони шохдор ва истифодаи он дар соҳаи чорводорӣ» баргузор гардид.

Дата добавления: 15.08.2016

Дар ҳудуди шаҳрамон дар доираи амалиёти «Маданияти шаҳрдорӣ» ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ба нақша гирифта шуда, амалӣ гардида истодааст. Аз ҷумла, тӯли ҳафта байни ҷавонон мусобиқаи волейболбозӣ гузаронида шуд.

Дата добавления: 13.08.2016

Ободии Ватан одатан аз остонаи хонадон ва шаҳру шаҳракҳои кишварамон оғоз меёбад. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти кишвар дар ҳудуди шаҳр корҳои ободонӣ идома доранд.

Дата добавления: 12.08.2016

Бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр байни ҷавонон ва калонсолон мусобиқаи шоҳмот доир карда шуд.

Дата добавления: 12.08.2016

Бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади рушди варзиш ва ҷалби ҷавонон ба намудҳои мухталифи он байни ҷавонону наврасони шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот мусобиқаи волейбол ташкил карда шуд.

Дата добавления: 11.08.2016

Бо ташаббуси мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр аёдату дидорбинии иштирокчиёни ҷанг ва собиқадорони меҳнатро ба роҳ монда шуда, ин иқдом мунтазам амалӣ мегардад.

Дата добавления: 11.08.2016

Дирӯз дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии маркази вилоят бахшида ба Рӯзи варзишгарон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дата добавления: 10.08.2016

Санаи 9 август дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ Иҷлосияи VII (ғайринавбатии) Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум) баргузор гардид. Он 2 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод.

Дата добавления: 10.08.2016

8 август назди бинои Раёсати маорифи шаҳр «Ярмаркаи мактаббачагон» ба кор оғоз кард. Дар тантанаи кушодашавии он муовини раиси шаҳр Илҳомҷон Ҳомидов сухан кард.

Дата добавления: 10.08.2016

Дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд А.Қодирӣ бахшида ба 25 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ШВКД-и шаҳр, бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва комиссияи кор бо ноболиғони назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раёсати маориф ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ шурӯъ аз 1 август амалиёти «Маданияти шаҳрдорӣ» сурат мегирад.

Дата добавления: 09.08.2016

Ҳамдиёрони азиз! Ҳамасола санаи 10 август дар кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи варзишгарон бо шукуҳи хоса ва басо хотирмон таҷлил карда мешавад. Соли равон ин санаи муборак дар айёми омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллат - 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Дата добавления: 09.08.2016

Филми кӯтоҳҳаҷми «Коса» -и коргардони тоҷик Муҳиддини Музаффар дар 12 –умин фестивали байналмилалии филмҳои мусалмонӣ дар Қазон иштирок мекунад.

Дата добавления: 09.08.2016

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил мебошад. Истиқлолият ин нишонаи барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамадин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст.

Дата добавления: 08.08.2016

Чуноне ки иттилоъ дода будем, санаҳои 26-30 июли соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Конибодом машқҳои амалӣ-тактикӣ бо ҷалби шаҳрвандони эҳтиётӣ гузаронида шуд.

Дата добавления: 08.08.2016

Дар асоси нақша-чорабиниҳои махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва соли фарди солим эълон гардидани соли 2016 дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот корҳои ободониву тозакориҳо бовусъат идома доранд.

Дата добавления: 08.08.2016

Бахшида ба соли 2016- соли фарди солим дар худуди шаҳр як қатор чорахои мушаххас андешида шуда, баҳри таъмини солимии аҳли ҷомеа пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад.