Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4425850
Сегодня
394
На этой неделе
1474
В этом месяце
6732
Итого
4425850
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

25.09.2016

Маҳфили навбатии шоми бадеӣ

Чандест, ки бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки аҳли адаб, шоирону нависандагон ва ҳунарпешагони шинохтаи диёр шоми бадеӣ баргузор карда мешавад. Инак маҳфили навбатии шоми бадеӣ дар саҳни ёдгории таърихӣ- мадрасаи «Ойим» баргузор гардид.

Шоирони шинохта Алӣ Бобоҷон, Нозирҷон Боҳирӣ ва адабиётшинос Шоҳзамони Раҳмон, ки дар меҳмонии зодгоҳи хеш қарор доштанд, дар маҳфил ширкат варзиданд. Инчунин шеърдӯстону навқаламон, аҳли сухан ва фарҳанги шаҳр дар он ширкат варзида, бо адибони шинохта мулоқоти самимӣ оростанд.

Нахуст дар даромадгоҳи мадраса маҷмӯаҳои шоирони номбурда ба намоиш гузошта шуд, ки иштирокдорон аз онҳо дидан карданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ин нишасти адабиро Корманди шоистаи ҶТ Нӯъмонҷон Мӯъминов ифтитоҳ бахшид. Сипас раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ба сухан баромада, зикр дошт, ки ҳадафи баргузории ин суҳбат ба шеъру адабиёт ҷалб намудани наврасон, дар руҳияи ватандӯстиву садоқатмандӣ тарбия намудани наслҳои имрӯза ва бомаърифату китобхон камол ёфтани онҳо, инчунин доир намудани мулоқоти шахсиятҳои арзандаи диёр бо насли ҷавон ва ба ин васила васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии онҳо  мебошад.

Дар ҷараёни маҳфил меҳмонон аз эҷодиёти худ пораҳо пешкаш карда, хотираҳояшонро дар бораи зодгоҳашон баён шуданд.

Хонандагони макотиби шаҳр аз ашъори Алӣ Бобоҷон, инчунин аз ашъори шоирони Ватансаро ва навқаламону шоираҳои ҷавон бошанд, аз эҷодиёти худ шеърҳо қироат карданд.

Дастаи мақомхонони шуъбаи фарҳанг ба иштирокдорон барномаи ҷолиби консертӣ пешкаш карданд. Маҳфили шоми бадеӣ ҳамин тавр ба маҳфили «Ширу шакар» табдил ёфта, дар хотираи иштирокдорон нақш баст ва хеле самимӣ сурат гирифт.

 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Возврат к списку новостей