Посетители
23.09.2016
Бузургдошти Рӯзи Рӯдакӣ
Рӯзи гузашта дар назди муҷассамаи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ воқеъ дар дохили боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳр бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он теъдоди зиёди сокинон, роҳбарони ташкилоту сохторҳо, омӯзгорону муҳассилини мактабу коллеҷҳои шаҳр, аҳли илму фарҳанг ва дӯстдорони каломи бадеъ иштирок намуданд.
Нахуст иштирокдорони чорабинӣ аз намоиш-виставкаи мактабҳои шаҳр, ки фарогири ҳаёту эҷодиёти шоир, девон ва нусхаҳои гуногуну сершумори маҷмӯаҳои Рӯдакӣ, тарҷумаи онҳо ба забонҳои мухталиф ва суратҳои шоир буд, дидан карданд. Баъдан аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ва Шӯрои собиқдарони ҷангу меҳнати шаҳр бар пояи муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гулдаста гузошта шуд. Сипас дар идгоҳ чорабинии идона баргузор шуд. Муовини Раиси шаҳр З.Ашурматова паёми табрикии Раиси шаҳрро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ ба самъи ҳозирин расонид. Гуфта шуд, ки ҳамасола мардуми тоҷик санаи 22 сентябрро ҳамчун рӯзи бузургдошти сардафтари адабиёти тоҷику форс. Одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо шаҳомати хоса таҷлил менамоянд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷодиёти ин нобиғаи оламшумул мавриди омӯзиши хоса қарор гирифт.
Баъдан аз тарафи хонандагони дабистонҳо шаҳр аз эҷдиёти пурғновати падари шеъри порсӣ намунаҳо қироат гардид. инчунин чанде аз навқаламон шеърҳои эҷоднамудаашонро пешкаш карданд.
Дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ мавзӯъҳои панду насиҳат, зебоию зебоипарастӣ, сулҳу ваҳдат, бародарию баробарӣ чун рукни асосии зиндагӣ соддаю зебо ва барҷаста ифода ёфта, мардонагиву садоқат, ҳамдигарфаҳмию ҳамзистии халқҳои олам нақши муҳим бозидаанд ва ин нуқтаҳо дар баромади иштирокчиёни чорабинӣ муфассал зикр гардид. Аз тарафи санъаткорони шаҳр барномаи фарҳангии ҷолиб пешкаш карда шуд.
Воқеан устод Рудакӣ султони шоирон, шоири бузург, ки пояҳои адабиёти асили тоҷикро ба забони форсии дарӣ дар асри X гузошта аст, шахсияти нотакрор буд. Хизматҳои арзандаи устод Рӯдакӣ дар он аст, ки шеъри форсӣ –тоҷикиро ривоҷу равнақ бахшида, назми пурғановати моро оламгир намудааст.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?