Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4448503
Сегодня
10
На этой неделе
918
В этом месяце
10023
Итого
4448503
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

20.09.2016

Ёде аз марди накӯном

Шаҳри Конибодом яке аз марказҳои фарҳангии водии зарнисори Фарғона ба шумор меравад ва таърихи бостонӣ дорад. Ин шаҳр дар доман ва муҳити худ шахсиятҳои бузурги сиёсию фарҳангии халқи тоҷикро парваридааст, ки Зокирҷон Исҳоқов аз зумраи онҳост.

Бахшида ба 100-солагии ёдбуди ин марди наҷиб дар манзили зисташ маҳфили ёдбуд баргузор гардид, ки дар он дӯстону ҳамкорон, ҳамсабақону ҳаммаслакон, фарзандону пайвандон ва онҳое, ки ӯро мешинохтанд, иштирок доштанд.

Зокирҷон Исҳоқов яке аз мардони барӯманди шаҳр, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, умри тӯлонӣ ва пурсамарро паси сар карда, аз худ кору номи нек боқӣ гузоштааст, ҳақиқатан муҷассамаи нангу номус маҳсуб меёбад.

Дар маҳфил дӯстону ҳамкоронаш аз роҳи тӯлонии тайнамуда, зиндагиномаи пурнақшу нигор, барору нобарориҳои Зокирҷон Исҳоқов қиссаҳо карданд. Гуфта шуд, ки Зокирҷон Исҳоқов аз қабили он шахсиятҳоест, ки тамоми умри бобаракати худро барои анҷоми корҳои хайр, хизмат ба нафъи халқу диёр сарф кардааст.

Солҳои 1942-1946 дар сафи Армияи сурх адои хизмат намуда, барои  хизматҳои содиқона дар торумори фашизм Зокирҷон Исҳоқов бо орденҳои «Ҷанги Ватанӣ»-и дараҷаи I ва II, медалҳои «Барои хизматҳои ҷангӣ», «Барои мудофиаи Сталинград», «Барои ғалаба дар Германия» ва 10 медали ҷашнӣ сарфароз гардонида шудааст. Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ Зокирҷон Исҳоқов муовини аввал ва раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Ҷиргатол, сипас дар зодгоҳаш шаҳри Конибодом дар вазифаҳои раиси кумитаи иттифоқи касабаи комбинати консерв, омӯзгор ва минбаъд муовини директории мактаби , муовини сарварони омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №18, мактаб-интернат  адои вазифа намудааст.

Дар куҷое ва дар кадом вазифае кор накарда бошад, ҳамеша содиқона, бо ҳисси баланди масъулият заҳмат кашида, ҳамкоронашро ба ҳалолкорӣ, меҳнатдӯстӣ, сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намудааст. Зикр гардид, ки Зокирҷон Исҳоқов  дар байни дӯстону ҳамкорон чун инсони хоксор, меҳнатдӯст, боинтизом ва волозавқ сазовори ҳурмати баланд буд.

Марҳум Зокирҷон Исҳоқов 10 нафар фарзандро ба воя расонида, дар руҳияи меҳнатдӯстӣ, поквиҷдонӣ, садоқат ба кори халқу Ватан тарбия намудааст, ҳамаи онҳо алҳол дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз рӯи ҳидояти падар заҳмат мекашанд.

Ҳамин тавр, маҳфил ба муносибати 100-солагии яке аз симоҳои намоёни шаҳр, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Зокирҷон Исҳоқов хеле хотирмон анҷом ёфт.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей