Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4425846
Сегодня
390
На этой неделе
1470
В этом месяце
6728
Итого
4425846
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

14.09.2016

Ифтитоҳи ошхона дар МТМУ№41

Чуноне ки равшан аст, сол аз сол таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи мактабу маориф меафзояд. Сохта ба истифода додани мактабу кӯдакистонҳо, толору майдончаҳои варзишӣ, синфхонаву ошхонаҳо далели ин гуфтаҳост.

Дар шаҳри Конибодом низ ба масъалаи мазкур диққати аввалиндараҷа дода шуда, солҳои охир дар ин раванд якчанд мактабҳои миёна ва хусусӣ, кӯдакистонҳо, синфхонаҳои замонавӣ ва майдончаҳои варзишӣ барои мактаббачагон ба истифода дода шуданд.

Дар арафаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар мтму№41 воқеъ дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ошхонаи зебову замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Мактаби мазкур, ки солҳои зиёд ошхона надошт ва талаботи мактаббачагон ба он зиёд буд, бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Неъматҷон Мирҳомидов соҳиби ошхонаи ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир гардид. Ин марди сахӣ бо назардошти эҳтиёҷоти муҳассилини мактаб соли сипаригашта азм намуд, ки барояшон ошхонае бунёд намояд. Инак дар рӯзҳои фархундаи ҷашни истиқлоли миллӣ бунёди ошхонаи мактабро ба итмом расониданд.

Дар маросими ифтитоҳи ошхона Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ иштирок ва суханронӣ намуда, аз пайгирии чунин ташаббуси нек изҳори қаноатмандӣ кард. Зикр гашт, ки ин ташаббус нишонаи ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хоса ба мактаб ва насли наврас буда, иҷрои ин гуна амалҳо хайру саривақтӣ маҳсуб меёбад ва шоистаи дастгирист.

Собиқадорони деҳа, омӯзгорони мактаб ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, ки дар расми кушодашавии бинои нав ширкат доштанд, аз бунёди ин иншооти муҳим миннатдорӣ баён карданд.

Минбаъд зиёда аз 600 нафар хонандагони мтму№41 аз ин ошхонаи навбунёди мактаб, инчунин аз хизматрасониҳои хуб ва маҳсулоти хушсифати  мағоза, ки дар шафати ошхона сохта шудааст, истифода хоҳанд кард.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей