Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4478051
Сегодня
300
На этой неделе
300
В этом месяце
6298
Итого
4478051
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

19.09.2016

Идомаи вохӯриҳои вакили МН МО ҶТ бо сокинон

Дар асоси нақша-чорабиниҳои МН МО ҶТ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии вакили МН МО ҶТ Раҷабов Равшан Муҳитдинович бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони сохторҳои гуногун, фаъолон ва ҷавонони шаҳр баргузор гардид.

Вохӯриро Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ оғоз бахшид. Вакили мардумӣ Равшан Раҷабов баромад намуда, доир ба дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии кишвар сухан ронд. Гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ халқи тоҷик ба дастовардҳои бузургу назаррас соҳиб гашта, рукнҳои давлатдории худро таҳким бахшид. Дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ва пешравиҳо ба чашм мерасанд, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Номбурда оид ба тағйиру иловаҳи воридгардида ба қонунҳои ҶТ, қабули қонун дар бораи авф, рафти бовусъати сохтмонҳои азими кишвар, аз ҷумла Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» низ ҳарф зад. Ҳадафҳои  ҳукумати кишвар баҳри боз ҳам беҳбудӣ бахшидан ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум,  ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ба МН МО ҶТ ирсол гардидаанд, ёдовар карда шуд. Зикр гардид, ки барои татбиқи мақсадҳои олии Ҳукумати мамлакат  то инҷониб кӯшиши зиёде ба харҷ дода шуда, барномаву қарорҳои қабулшуда тадриҷан ба иҷро расонида шуда истодаанд, ки ҳамагӣ баҳри таъмини некӯаҳволии сокинони мамлакат нигаронида шудаанд.

Иштирокдорон аз вакил ба саволу дархостҳояшон посухҳои мушаххас гирифтанд. Вохӯриро шаҳрдор ҷамъбаст намуд.

Чунин мулоқоту вохӯриҳо бо иштироки вакили МН МО ҶТ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот низ доир гардида истодааст..

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей