Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4425847
Сегодня
391
На этой неделе
1471
В этом месяце
6729
Итого
4425847
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

16.09.2016

Вохурӣ бо вакил

Шурӯъ аз санаи 13 сентябр вакили Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Раҷабов Равшан Муҳитдинович бо сокинони шаҳри Конибодом тибқи нақшаи Кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ мулоқотҳо гузаронида истодааст.

Нахуст Раиси Кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Бобоҷонов А.Т ва вакили МНМОҶТ Раҷабов Р.М бо сокинони ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ ва сокинони ҷамоати деҳоти ба номи Э.Шарипов вохӯрӣ гузаронида, дар  вохӯриҳо  беш аз 500 нафар сокинони ҷамоатҳо иштирок доштанд.

Вакили Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Равшан Раҷабов аз дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии кишвар суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ халқи тоҷик ба дастовардҳои бузургу назаррас соҳиб гашта, рукнҳои давлатдории худро таҳким бахшид. Дар соҳаҳои мухталифи хоҷагӣ пешравиҳо ба чашм мерасанд. Инак вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст ҳифзу таҳкими пояҳои Истиқлолият, таъмини якпорчагии Ватан ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад.

Номбурда инчунин оид ба тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, Қонуни ҶТ дар бораи авф, рафти сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун баромад кард.

Сипас сокинон ба саволу дархостҳои худ  аз вакил ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.Чунин вохӯриву мулоқотҳо дар дигар ҷамоатҳои деҳот низ доир карда шуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей