Посетители
17.09.2016
Бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оилаҳо
Дар асоси нақшаи иловагии шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷониби масъулин «Оид ба пешгирии сабаб ва омилҳои зӯроварӣ, даст ба худкушӣ ва сӯйиқасд ба он задани шаҳрвандон», «Ҳуқуқ ва муносибатҳои оилавӣ» дар ҷамоати деҳоти Патар семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар семинар 40 нафар бонувони хонашин ва зери хушунати ҷисмонӣ, руҳӣ ва иҷтимоӣ қарордошта иштирок намуданд.
Мақсади асосии баргузор намудани семинари омӯзишӣ фаҳмонида додани мафҳум ва ғояҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дар амал татбиқ намудани нақшаи амали барномаи давлатии «Пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ба бонувони хонашини ҷамоатҳои деҳот ва кумитаҳои маҳаллӣ мебошад.
Иштирокчиён дар рафти семинар асосан оид ба бартараф намудани зӯроварӣ дар оила, ҳуқуқҳои оилавӣ, ҳуқуқ ба мерос, муносибатҳои оилавӣ, низоъҳои оилавӣ, хушунати оилавӣ, таъсири зӯроварӣ дар оила ва оқибатҳои он маълумотҳои мухтасар ва саҳеҳ дода шуд.
Ҳамчунин дар семинар Сардори филиали хуҷандии ташкилоти ҷамъиятии «Инис», ҳуқуқшинос Обидова Манижа иштирок намуд ва ба иштирокдорон маслиҳатҳои муфиди ҳуқуқӣ дод.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?