Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4404207
Сегодня
280
На этой неделе
280
В этом месяце
3791
Итого
4404207
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

16.09.2016

Ифтитоҳи толори фарҳангӣ дар мактаб

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарияти ҷамоати деҳоти Пӯлодон ва кумитаи падару модарони мактаб толори фарҳангӣ ба истифода дода шуд. Дар маросими кушодашавии он Раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ иштирок намуд. Пас аз бурида шудани лентаи рамзӣ дар толори фарҳангӣ ҷамъомади бошукуҳ баргузор гардид. Сарвари муассиса Фирӯзахон Отахонова чорабиниро ифтитоҳ бахшида, ба роҳбарияти шаҳр ва ҷамоати деҳот барои азнавсозии бинои куҳнаву бекорхобидаи мактаб ва дар заминаи он бунёди толори фарҳангӣ изҳори сипос кард.

Баъдан Раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ ба сухан баромада, аҳли ҷомеаи омӯзгорону хонандагони мактабро ба муносибати ба истифода дода шудани ин бинои фарҳангӣ табрик гуфт.  Изҳори итминон карда шуд, ки минбаъд толибилмони муассиса бо истифода аз шароиту имконияти мавҷуда тамоми кӯшишу ғайраташонро баҳри боз ҳам беҳтар азхуд кардани донишу маърифат, омӯхтани касбу ҳунарҳо, сайқал додани маҳорату малака ва истеъдодҳои фитриву эҷодӣ ба харҷ хоҳанд дод ва сафи толибилмони болаёқату аълохон аз ин мактаб меафзояд.

Шаҳрдор инчунин оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуда, таҳкими истиқлолият, таъмини пойдории сулҳу субот дар кишвар ва ҳифзи арзишҳои миллиро аз вазифаҳои муҳими насли наврасу ҷавон арзёбӣ кард.

Раиси ҷамоати деҳоти Пӯлодон Набиҷон Шербоев, мудири Раёсати маорифи шаҳр Абдусаттор Исроилов ва раиси кумитаи маҳаллаи «Маданият» Қаноатҷон Ҷӯраева низ баромад намуда, ба муносибати ифтитоҳи толори фарҳангӣ омӯзгорону хонандагони таълимгоҳро шодбош гуфтанд.

Дар вазъияти тантанавӣ чанд нафар омӯзгорони пешсафи МТМУ№25 бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии ҷамоати деҳоти Пӯлодон қадршиносӣ карда шуданд.

Аз ҷониби муҳассилини мтму№25 барои иштирокдорон барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд, ки писанди ҳамагон гардид. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей