Посетители
12.09.2016
Амалҳои хайр дар арафа ва рӯзҳои ид
Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгириву пуштибонӣ аз оилаҳои камбизоат ва табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ шахсони саховатпешаи шаҳрамон амалҳои хайрро идома дода истодаанд. Чунин мардуми олиҳиммат дар арафаи ҷашни бузурги миллат-25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар тӯйҳои хайриявии фарзандони оилаҳои камбизоатро доир намуданд.
Аз ҷумла, дар маркази деҳаи Деҳқонободи ҷамоати деҳоти Патар хатнасури 6 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд: Боиров Азизҷон, Боиров Азимҷон, Бегмуродов Суҳроб, Назиров Улуғбек, , Музаффаров Бахтовар, Музаффаров Меҳровар, Музаффаров Озодбек бо дастгирии вакили Маҷлиси шаҳрӣ Мубина Деҳқонова аз ҳавзаи интихоботии №12, вакили Маҷлиси вилоятӣ Муродҷон Тӯлқунбоев аз ҳавзаи интихоботии №19, вакили Маҷлиси маҳаллӣ аз ҳавзаи интихоботи №15 Ҷаҳонгир Деҳқонов баргузор карда шуд. Дар тӯйи хайриявии ин кӯдакони дӯстрӯ Муовини Раиси шаҳр З.Ашурматова иштирок ва баромад намуда, онҳоро ба ин муносибат ва кулли сокинони деҳаро ба ифтихори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфт. Ба кӯдакон ва волидони онҳо саодату иқболи баланд, рӯзгори осуда ва ояндаи дурахшонро орзу намуд.
Сокинони деҳа низ шодишарики тӯйдорон шуда, ба онҳо тансиҳативу хонаободӣ таманно намуданд. Ҳамагон изҳори бовариву умед карданд, ки ин кӯдакон дар оянда фарзандони солеҳу фарзонаи миллат шуда, ба воя мерасанд ва дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор мегарданд.
Аҳли хонаводаи кӯдакон ба ташкилкунандагони хатнасури фарзандонашон барои амалӣ гардонидани ин амали хайр миннатдорӣ баён намуданд.
Ба кӯдакон аз ҷониби ин шахсони хайрпеша туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Бояд қайд кард, ки дар рӯзи ҷашн дар тарабхонаи «Корвон» низ тӯйи арӯсиву домодии 1 ҷуфт ҷавонон аз кумитаи маҳаллаи ба номи Ш.Ҳусейнзода доир карда шуд. Ҷашни висоли ду навҷавон аз оилаҳои ниёзманд – Абдуваҳҳоб Абдуқаҳҳоров ва Замирахон Каримова бо иқдоми дастаҷамъонаи вакили Маҷлиси шаҳрӣ Рауфҷон Бобоҷонов, раиси кумитаи маҳаллаи ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода Кибриё Обидова ва соҳибкорони маҳаллӣ баргузор карда шуд.
Муовини раиси шаҳр З.Ашурматова ба табрики навхонадорон омада, онҳоро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муборакбод кард ва бахту саодат, файзу нусрат ва сарбаландиву хонаободӣ орзу намуд.
Инчунин раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Азимҷон Бобоҷонов аз номи ҳизбиёни шаҳр ҷавононро ба муносибати ҷашни висол шодбош гуфта, туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Санъаткорони мумтози шаҳр бо суруду оҳангҳои дилнишини худ табъи иштирокдорони базмро шод гардониданд.





Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









