Посетители
14.09.2016
Дастовардҳои ҳамдиёрон ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ
Боиси ифтихору сарбаландист, ки дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии кишвар якчанд нафар ҳамдиёрони мо барои фаъолияти пурсамар ва натиҷабахш, инчунин саҳми арзанда дар пешрафти диёр, рушду такомули соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо унвон, медал, ифтихорномаву сипоснома сарвароз гардиданд. Онҳо бо иштироки фаъолонаашон дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, мусобиқаву озмунҳои шаҳрӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва саҳмашон дар ҳаёти сиёсии мамлакат ин ҷашни фархундаву бузурги миллиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намуданд.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ бо унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвари литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳр Аҳрорхон Саримсоқов бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шуданд.
Аз ҷониби Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр Суҳроб Отаҷонов бо медали «20-солагии таъсисёбии Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати ҶТ» сарфароз гардонида шуд.
Раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Азимҷон Бобоҷонов бо Сипосномаи Кумитаи Марказии ҲХДТ сарфароз гардид.
Инчунин сардори корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр Фарҳод Орипов бо Ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд А.Қодирӣ қадршиносӣ гардид.
Дар озмуни ҷумҳуриявии «Бойгонии беҳтарин» филиали бойгонии давлатии шаҳр ба номи Ш.Зоҳидов ба гирифтани ҷои II мушарраф гашта, сазовори ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Саридораи бойгонии назди Ҳукумати ҶТ шуд.
Маркази назорати давлатии роҳҳои автомобилгарди шаҳр дар озмуни ҷумҳурявии «Коргоҳи беҳтарини роҳсозӣ» ҷойи дуюмро ишғол намуд.
Деҳаи Диловарони ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов дар мусобиқаи ҷумҳуриявии «Маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод», ки ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ гузаронида шуд, ҷойи сеюмро ишғол кард.
Инчунин кормандони ЛКСК Шариф Аминҷонов, дилбарҷон Аъзамова, Тӯтӣ Бобоҷонова бо нишони сарисинагии «Аълочии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ» ва устои калони литсейи мазкур Абдуҷалил Ҳомидов бо Ифтихорномаи вазорат сарфароз гардиданд.
Итминони комил дорем, ки чунин дастовардҳо минбаъд боз ҳам зиёд гардида, сафи фаъолон меафзояд ва дар таҳкими пояҳои Истиқлолият, сулҳу субот ва якпорчагии Ватани азизамон қадамҳои устувор гузошта мешавад.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?