Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4390989
Сегодня
325
На этой неделе
2513
В этом месяце
6518
Итого
4390989
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

12.09.2016

Таҷлили иди Қурбон

Иди мубораки Қурбон дар фарҳанги исломӣ ҷойгоҳи хоса дошта, аз ҷумлаи қадимтарин ва азизтарин маросими суннатии мусалмонон ба ҳисоб меравад, зеро ҷавҳари онро ормонҳои башардӯстиву шафқат ташкил медиҳад.

Дар қаламрави ҷумҳурӣ Иди саиди Қурбон дар сатҳи баланди маънавӣ таҷлил карда шуд. Ба ин муносибат дар тамоми  масҷидҳои ҷомеи шаҳрамон низ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр ва намозгузорони зиёд намози идона гузошта шуд.

Дар масҷиди ҷомеи «Сарв» бо иштироки оммаи васеи аҳолӣ намози идона сурат гирифт. Дар намози идонаи масҷиди мазкур Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз шаҳри Конибодом Равшан Раҷабов, намояндаи макомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифзода Дадо ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муовини раиси шаҳр И.Ҳомидов иштирок ва баромад намуда, намозгузорон ва дар симои онҳо кулли сокинони шаҳрро бо фарорасии иди мубораки Қурбон шодбош гуфтанд.

Сипас намози идона гузошта шуда, намозгузорон ба хотири пойдории сулҳу амонӣ дар кишвар, хонаи ободу рӯзгори пурфайзи мардум дасти дуо бардоштанд.

Иди Қурбон-гиромитарин ва пурарзиштарин оинҳои суннатиамон имсол низ бо шукргузорӣ аз замони тинҷу осуда, ваҳдату ягонагӣ, истиқлолу озодӣ ва дӯстиву бародарӣ бо шукуҳи хос ҷашн гирифта шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей