Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4461322
Сегодня
418
На этой неделе
1597
В этом месяце
6912
Итого
4461322
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

10.08.2016

«Маданияти шаҳрдорӣ»- амалиёти якмоҳа

Дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд А.Қодирӣ бахшида ба 25 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ШВКД-и шаҳр, бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва комиссияи кор бо ноболиғони назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раёсати маориф ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ шурӯъ аз 1 август амалиёти «Маданияти шаҳрдорӣ» сурат мегирад.

Ҳадафи амалиёт таъмини боэътимоди волоияти қонун, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, бехатарии ҳаракат дар роҳ, пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ, мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби терроризм ва экстремизм, таблиғ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлидкунӣ ба фарҳанг ва либоси бегона, рафъи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ мебошад. Бо ин мақсад ҳафт гуруҳи корӣ фаъолият мебарад.

Вазифаҳои ин гурӯҳ андешидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ байни шаҳрвандон, муайян намудани ашхосе, ки бо намозгузории ғайримазҳабии Имоми Аъзам машғуланд, омӯзиши сабабҳои хориҷ шудани муҳоҷирон, ошкор сохтани донишҷӯёни дар давлатҳои исломӣ таҳсилкунанда, шиносоӣ бо ҳаёти ноболиғони бепарастор, оворагард ва оилаҳои носолим, ки волидонашон ба майзадагӣ машғуланд, корҳои фаҳмондадиҳӣ байни занони сатру ҳиҷоб ва либосҳои ғайримиллипӯш ва тадбирҳои дигаре мебошад, ки баҳри амнияту осудагии шаҳрвандон мусоидат мекунад.

Ҳамчунин дар доираи ин тадбир як силсила вохӯриву маҳфил бо олимону нависандагон, шоирон, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Возврат к списку новостей