Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4376689
Сегодня
33
На этой неделе
33
В этом месяце
5993
Итого
4376689
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

09.08.2016

Табрикоти Раиси шаҳр муҳтарам Боҳирӣ Ғ.Н. бахшида ба Рӯзи варзишгарон

Ҳамдиёрони азиз!  

Ҳамасола санаи 10 август дар кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи варзишгарон бо шукуҳи хоса ва басо хотирмон таҷлил карда мешавад.

Соли равон ин санаи муборак дар айёми омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллат - 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати ин иди фархунда кулли варзишгарон, алоқамандони соҳа ва сокинони шаҳрро самимона табрик намуда, бароятон сиҳатмандии комил, рӯзгори босаодат ва барору комёбиҳо таманно менамояд.

Тарбияи инсони солим ва ҷисману руҳан қавӣ аз замонҳои қадим барои халқи тоҷик чун анъаноти нек ва суннатҳои наҷиб ҳисобида шуда, миёни ниёгонамон даҳҳо намуди варзиш ва бозиҳои гуногуни миллӣ хеле маъмул буданд.

Имрӯзҳо низ аз ҷониби давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ дар баробари дигар соҳаҳои иҷтимоиёт ба варзиш ва рушди он таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар давоми солҳои охир дар ин самти муҳими ҳаёти ҷомеа пешрафту дигаргуниҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд. Ба тасвиб расонида шудани як қатор қарорҳо ва қабули барномаҳои махсуси давлатӣ бо мақсади густариш ва ривоҷу равнақи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, фароҳам овардани заминаҳои устувори рушди соҳа, таҳкими пояҳои моддиву техникии муассисаҳои варзишӣ ва баланд бардоштани сатҳи солимии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон аз вазифаҳои муҳиму асосии роҳбарияти кишвар ба шумор мераванд. 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ густариш ва оммавикунонии варзишро яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ ҳисобида, баҳри рушду нумӯи он аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода менамояд.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, мо бояд ба рушди варзиш ва ҷалби ҷавонон ба намудҳои гуногуни он, оммавигардонӣ ва   тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҳамзамон ба ҳифзи генофонди миллат, ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳим эътибори ҷиддӣ диҳем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр итминони комил дорад,  ки Шумоён – варзишгарони сарбаланди шаҳр  минбаъд низ,  тавассути кӯшишу талошҳои арзанда шуҳрати варзиши шаҳрро дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он афзуда,  баҳри ҳимояи шаъну шарафи он пайваста мубориза хоҳед бурд.     

Бори дигар, Шумоёни гиромӣ – варзишгарон, собиқадорон, мураббиёну устодон ва тамоми дӯстдорону алоқамандони соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмониро бо иди касбиатон – Рӯзи варзишгарон табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, руҳбаландиву нерӯмандӣ, бурдбориву пирӯзӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди варзиширо таманно менамоем.

     Ид муборак, дӯстони азиз!

 

            Бо эҳтиром

            Раиси шаҳр                               Боҳирӣ Ғ.Н.

Возврат к списку новостей