Посетители
4425877
Сегодня
421
На этой неделе
1501
В этом месяце
6759
Итого
4425877
06.08.2016
Ҷамъбасти озмуни «Адрасбофи беҳтарин»
Чуноне ки иттилоъ дода будем, санаҳои 3-4 августи соли равон дар Кохи Рӯдакии маркази вилоят бо мақсади тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адрас, дарёфти беҳтарин ҳунармандони ҳунарҳои дастии адрасбофӣ, ба ҷои кор таъмин намудани занону духтарон ва ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 23 июни соли 2016 «Дар бораи гузаронидани озмун-мусобиқаи вилоятии «Адрасбофи беҳтарин» байни ҳунармандзанони шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни «Адрасбофи беҳтарин» гузаронида шуд. Имрўз, 5 август дар Кохи фарҳанги Рўдакии маркази вилоят озмун-мусобиқаи мазкур ҷамъбаст шуд ва ғолибон бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар маросими супоридани Шоҳҷоиза ва мукофотҳои пулӣ ба ғолибони озмун Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок ва баромад намуд.
Дар озмуни мазкур, ки се рўз идома кард, 40 нафар ғолибони даври аввал барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ мубориза бурданд. Аз шаҳрамон ба Гранти Раиси вилоят дар маблағи 8 ҳазор сомонӣ барои бунёди сехи адрасбофӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Шарифов ва Лоҳутӣ- Ойхон Исҳоқова соҳиб гардид. Инчунин бо гранти Раиси вилоят ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ Назирахон Отаҷонова барои бунёди сехи кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ ва сӯзанидӯзӣ дар деҳаҳои Равот ва Равоти нави ҷамоати деҳоти Пӯлодон сарфароз гардонида шуд. Бонуи ҳунарманд Марҳабо Раҳимова аз ҷамоати деҳоти ба номи Р.Ҳамробоев барои иштироки фаъолона дар озмун бо Ифтихорномаи Раиси вилоят сарфароз гардонида шуд.
Муддати ду рўзи баргузории озмун баҳри аз фаъолияти ҳамдигар аз наздик ошно гаштан, паҳлўҳои гуногуни ин касби аҷдодиро пурратар азхуд намудан ба бонувон мусоидат карда, имкон фароҳам овард, ки дар маҳалли зисти худ фаъолияташонро боз ҳам ҷоннок намоянд. Ҷоиз ба зикр аст, ки занону духтарони гулдаст тўли ин рўзҳо ба ғайр аз нишон додани сатҳу сифати маҳсули дастонашон, ҳамчунин бо дастгирии Раиси вилоят аз ҷойҳои таърихии вилоят дидан намуданд, инчунин дар истироҳатгоҳи «Чашма»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов истироҳат карданд.
Возврат к списку новостей
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?