Посетители
4612398
Сегодня
6
На этой неделе
1298
В этом месяце
6771
Итого
4612398
25.09.2026
Дар Конибодом ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
Дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи шаҳри Конибодом ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр бо ҳузури аъзои Шӯро, кормандони фаврии мақомоти прокуратура, масъулини ШВКД, комиссириати ҳарбӣ, ҷамоатҳои деҳот ва дигарон баргузор гардид.
Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Конибодом, прокурори шаҳри Конибодом, мушовири давлатии адлияи дараҷаи сеюм Орифзода Парвиз Рустам ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки дар рӯзномаи ҷаласа ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода мешавад.
Доир ба мавзуи мазкур, муовини прокурори шаҳри Конибодом, мушовири адлияи дараҷаи 2 Ҷӯразода С.С. баромад намуда, кайд кард, ки комиссияи даъват, комиссияи ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гирифтани шаҳрвандон, комиссариати ҳарбӣ ва дигар сохторҳои ваколатдор ҳамкориро байни худ дуруст ба роҳ монда, ҳамасола нақшаи даъватро ба таври муташаккилона таъмин карда истодаанд.
Комиссияи ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гирифтани шаҳрвандон бояд корро дар ҳамоҳанги бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, бахши кор бо ҷавонон, ташкилотҳо, идораи маориф ва дигар корхонаҳо тибқи талаботи Қонун ба роҳ монда, тамоми шаҳрвандоне, ки ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гирифта мешаванд, ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир карда, онҳоро ба қайди ибтидоӣ гиранд. Зеро яке аз асосҳои воқеии муайян намудани захираҳои даъватӣ аз дурустии кор дар самти ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гирифтани шаҳрвандон маҳсуб меёбад.
Дар ҷараёни ҷаласа Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Конибодом, прокурори шаҳри Конибодом, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Орифзода Парвиз Рустам бо назардошти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулини комисариати ҳарбӣ, комиссияи тиббӣ, шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигарон пурсиш ба амал оварда, дар фаъолияти минбаъдаашон ҷиҳати риояи бечунучарои қонунгузории мазкур ва таъмини нақшаи даъвати тирамоҳӣ супоришҳои қатъӣ дод.
Аз масъулини шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом талаб карда шуд, ки баҳри тайёрии ҳарбӣ дар муассиаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизматӣ ҳарбӣ” бо хонандагон машғулиятҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ-ҳарбӣ гузаронида шаванд.
Ҳамзамон, аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ талаб карда шуд, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёна доир ба тарбияи ҳарбӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии хонандагон мунтазам баргузории дарсҳои кушоди омодагии ибтидоии ҳарбӣ роҳандозӣ гардида, муассисаҳо бо омузгорон ва мутахассисони касбӣ таъмин карда шаванд.
Масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, бахши кор бо ҷавонон ва раисони кумитаҳои маҳаллаҳо уҳдадор карда шуданд, ки доир ба мавзӯи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо падару модарон сӯҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон пайваста чораандешӣ намоянд.
Ҳамзамон, раисони ҷамоатҳои деҳот ва нозирони минтақавии ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом вазифадор карда шуданд, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда баҳри таъмини нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар доираи ваколатҳои худ пурра мусоидат намоянд.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки баъди баргузории чунин ҷаласаи бонуфуз вазъ дар ин самт ба кулли тағйир ёфта, ҳар як иштирокчӣ ба хотири ҳимояи манфиати давлат, таҳкими Истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияти он тамоми саъю кӯшиши ватанпарваронаи худро сафарбар менамояд.
Бо қабули қарорҳои дахлдор ба ҷаласаи Шӯрои ҳамаҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Конибодом ҳусни анҷом бахшида шуд.
Прокуратураи шаҳри Конибодом



















Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









