Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4612392
Сегодня
681
На этой неделе
1292
В этом месяце
6765
Итого
4612392
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

14.09.2026

АРҶГУЗОРӢ БА МЕҲНАТИ РОҲСОЗОН ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ

АРҶГУЗОРӢ БА МЕҲНАТИ РОҲСОЗОН ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ
Ба муносибати Рӯзи кормандони хоҷагии роҳ дар шаҳри Конибодом чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Конибодом Осимӣ Баҳодурхон иштирок намуда, аз номи Раиси шаҳри Конибодом Зоҳидзода Даврони Абдуқодир кормандони хоҷагии роҳро ба муносибати иди касбиашон самимона табрик намуд.
Муовини Раиси шаҳр паёми шодбошии Раиси шаҳри Конибодомро ба кормандони соҳа расонида, саҳми роҳсозонро дар ободонӣ, таъмиру нигоҳдории роҳҳо ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт муҳим арзёбӣ кард.
Таъкид гардид, ки роҳсозон бо меҳнати содиқона ва масъулияти баланди касбӣ дар рушди инфрасохтори шаҳр, ободии кӯчаву роҳҳо ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинон саҳми арзанда мегузоранд.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор кормандони фаъоли соҳа аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Сипосномаҳо тақдим гардида, ба онҳо барои меҳнати содиқона ва саҳми арзанда дар ободонии шаҳр изҳори миннатдорӣ карда шуд.
Дар фарҷом роҳсозон барои ғамхорӣ ва дастгирии пайвастаи роҳбарияти шаҳр изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки минбаъд низ бо масъулияти баланд баҳри ободиву пешрафти шаҳри Конибодом фаъолияти худро идома хоҳанд дод.
Возможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек и люди учатсяВозможно, это изображение один или несколько человек, люди учатся и текстВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение один или несколько человек и текст
Возврат к списку новостей