Посетители
4612389
Сегодня
678
На этой неделе
1289
В этом месяце
6762
Итого
4612389
02.09.2026
ИҶЛОСИЯИ ҲАФТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ БАРГУЗОР ГАРДИД
2 сентябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Ба рӯзномаи Иҷлосия панҷ масъалаи муҳиму мубрами вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз рӯйи масъалаи асосии Иҷлосия — «Дар бораи таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025, №911 «Дар бораи солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намудани солҳои 2025–2030» — муовини Раиси шаҳр Охунзода О. маърӯза намуда, оид ба самтҳои асосии барнома, вазъи татбиқи он дар шаҳри Конибодом ва тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати амалисозии талаботи фармони мазкур маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, вобаста ба дигар масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосия масъулини дахлдор ҳисобот ва маълумоти зарурӣ пешниҳод намуда, пас аз муҳокима қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода рафти баррасӣ ва натиҷаҳои масъалаҳои муҳокимагардидаро мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дода, ҷиҳати таъмини иҷрои босифат ва саривақтии қарорҳои қабулшуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар кори Иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии вилоят Ахмедов Шарифҷон иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда суханронӣ кард.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?