Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4553437
Сегодня
3978
На этой неделе
11569
В этом месяце
33448
Итого
4553437
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

29.07.2026

Раиси шаҳри Конибодом кормандони сӯхторнишониро табрик намуд

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ ДАВРОН ЗОҲИДЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СӮХТОРНИШОНӢ
Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун Шумоён, кормандони хадамоти сӯхторнишонии шаҳрро ба иди касбиатон - Рӯзи кормандони сӯхторнишонии ҷумҳурӣ табрику таҳният намуда, дар ин рӯзҳои саиду фараҳбахш баҳратон саломативу хонаободӣ, бахту иқболи накӯ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти пуршарафи хидматиатон барору бурдборӣ ва сарфарозиву сарбаландиҳо таманно дорам.
Боиси ифтихормандист, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Хадамоти оташнишонии мамлакат ба яке аз сохторҳои қавӣ ва нерӯманд табдил ёфта, кормандони он баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода масъулияти баланд ва фидокориву матонат нишон дода истодаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазифаву уҳдадориҳои кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ишора намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки:
«Таъмини бехатарии шаҳрвандон, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки онҳо аз сӯхтор яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад. Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо ҳисси баланди масъулият ва фидокорӣ барои пешгирӣ ва бартараф намудани сӯхтор фаъолият мекунанд».
Бо камоли қаноатмандӣ ва сипосмандии амиқ изҳор медорем, ки имрӯзҳо роҳбарият ва кормандони Қисми мустақили 34 – уми хадамоти ҳарбикунонидашудаи оташнишонии шаҳрамон баҳри ҳамаҷониба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатамон ҷиҳати таъмини ҳаёти ободу осуда ва орому осоиштаи халқ ва иҷрои сарбаландонаи вазифаву уҳдадориҳои ба зиммаашон вогузоргардида ҳисси баланди масъулият, ҷасорат ва садоқат нишон дода, дар роҳи ҳифзи саломатии шаҳрвандон, муҳофизати молу мулк ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода саҳми арзишманд гузошта, рисолати хешро дар назди давлат ва ҷомеа дар сатҳи баланди касбият ва садоқати бепоён ба иҷро расонида истодаанд.
Дар ин рӯзҳои фархунда, бори дигар, ҳамаи Шумо, кормандони муҳтарамро ба ифтихори иди касбиатон самимона шодбошӣ намуда, ба хонадонатон рӯзгори пурфайзу баракат ва дар таъмини иҷрои рисолати муқаддасу пурмасъули хидматиатон неруи тозаву иродаи қавӣ барору комёбиҳо орзумандем.
Иди касбӣ муборак!
Бо эҳтиром, Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода
Возможно, это изображение Овальный кабинет и текст "ጭ Sn"
Возврат к списку новостей