Посетители
4553374
Сегодня
3915
На этой неделе
11506
В этом месяце
33385
Итого
4553374
29.07.2026
НИШАСТИ МАТБУОТӢ: НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026
НИШАСТИ МАТБУОТӢ: НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом нишасти матбуотии Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар шашмоҳаи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Дар нишаст намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ, инчунин роҳбарону масъулини сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок намуданд.
Раиси шаҳр зимни суханронӣ зикр кард, ки дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вилояти Суғд дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар шаҳри Конибодом барои таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ корҳои назаррас анҷом дода шуданд.
Зимни нишаст оид ба нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодӣ, фаъолияти соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, корҳои ободониву созандагӣ, мумфаршсозии роҳҳо, бунёду азнавсозии иншооти иҷтимоӣ ва омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Дар қисмати саволу ҷавоб намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, нигоҳдорӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, пешрафти корҳои саҳроӣ, хизматрасониҳои иҷтимоӣ, сохтмони иншооти ҷашнӣ, фаъолияти китобхонаҳо, ғанигардонии фонди китобҳо ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз саволҳо пешниҳод намуданд.
Раиси шаҳр ба ҳамаи саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас ва муфассал дода, таъкид намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ҳамеша ҷонибдори ҳамкории созанда бо воситаҳои ахбори омма буда, шаффофияти фаъолият ва таъмини дастрасии ҷомеа ба иттилооти расмиро аз самтҳои муҳими фаъолияти худ меҳисобад.
Нишасти матбуотӣ дар фазои ошкоро, озод ва созанда баргузор гардида, рӯзноманигорон имконият пайдо намуданд, ки ба саволҳои худ посухҳои мукаммал гирифта, аз натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2026 ва дурнамои рушди минбаъдаи шаҳри Конибодом маълумоти зарурӣ дарёфт намоянд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?