Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4553253
Сегодня
3794
На этой неделе
11385
В этом месяце
33264
Итого
4553253
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

27.07.2026

МАШВАРАТИ КОРИИ РАИСИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ

МАШВАРАТИ КОРИИ РАИСИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ
27 июли соли 2026 таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода машварати корӣ бо иштироки роҳбарони сохторҳо, ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.
Дар ҷараёни машварат масъалаҳои муҳими омодагӣ ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар партави сиёсати созанда ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, масъалаҳои омодагии ҳамаҷониба ба баргузории паради ҳарбӣ ва роҳпаймоии осоишта, ташкили чорабиниҳои идона дар ҷамоатҳои деҳот ва тамоми ташкилоту муассисаҳо, баргузории мулоқот бо иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин идомаи корҳои ободониву созандагӣ, суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ ва беҳтар намудани фаъолияти соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои хоҷагии шаҳр мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода таъкид намуд, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як роҳбару масъул мебошад. Ба масъулин ҷиҳати суръат бахшидани корҳои сохтмонӣ, иҷрои босифати нақшаҳои ободонӣ, таъмини сатҳи баланди омодагӣ ба чорабиниҳои ҷашнӣ ва баланд бардоштани масъулияти хизматӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Нет описания фото.Возможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек, помост и отдел новостейВозможно, это изображение один или несколько человек и помостВозможно, это изображение один или несколько человек и помостВозможно, это изображение один или несколько человек и помостВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и храмВозможно, это изображение один или несколько человек и помост
Возврат к списку новостей