Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4553232
Сегодня
3773
На этой неделе
11364
В этом месяце
33243
Итого
4553232
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

25.07.2026

Паёми шодбошӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ ДАВРОН ЗОҲИДЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ
Муҳтарам кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва собиқадорони муҳтарам!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо эҳтироми самимӣ ҳамаи шумоёнро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ, ки ҳамасола 25 июл таҷлил мегардад, самимона табрик намуда, бароятон сиҳатмандӣ, рӯзгори обод, саодати рӯзгор, иқболи нек ва дар фаъолияти пурмасъули касбиатон комёбиҳои навин орзу менамояд.
Соҳаи нақлиёти автомобилӣ яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, дар рушди иқтисод, пешрафти иҷтимоӣ ва таъмини робитаи устувори байни шаҳру ноҳияҳо нақши калидӣ дорад.
Бо шарофати сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар солҳои соҳибистиқлолӣ инфрасохтори роҳу нақлиёти кишвар рушду такомули бесобиқа ёфта, яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ амалӣ гардид.
Имрӯзҳо дар шаҳри Конибодом низ барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ, таъмини бехатарии ҳаракат ва фароҳам овардани шароити мусоид ба мусофирон тадбирҳои муассир роҳандозӣ мешаванд.
Боиси ифтихор аст, ки ширкатҳои хизматрасонии нақлиётӣ, аз ҷумла ҶДММ «Сафар-Канд», «Автомотогазосервис», «Канд-Экспресс», «Дастрас» ва дигар соҳибкорони соҳа бо фаъолияти содиқонаашон дар хизматрасонии босифат ба аҳолӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр саҳми арзанда мегузоранд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, бори дигар ҳамаи кормандон ва собиқадорони соҳаро бо иди касбиашон самимона табрик гуфта, дар арафаи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароятон саломатии бардавом, рӯзгори пурсаодат, файзу баракат ва дар фаъолияти пуршарафатон барору комёбиҳои бештар орзу менамоем.
Иди касбӣ муборак!
Бо эҳтиром,
Раиси шаҳри Конибодом
Даврон Зоҳидзода
Нет описания фото.
Возврат к списку новостей