Посетители
4553307
Сегодня
3848
На этой неделе
11439
В этом месяце
33318
Итого
4553307
23.07.2026
Идомаи мулоқотҳо
Идомаи мулоқотҳо
Мулоқоти навбатии усули “деҳа ба деҳа ва маҳалла ба маҳалла” дар деҳаи Паҳлавонқалъа доир гардид.
Дар мулоқот мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Ҷабборӣ Б., мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Ализода А. ва намояндаи ҷамоати деҳоти Куҳандиёр Казаков Ҷ. иштирок ва баромад намуданд.
Зимни мулоқот ба сокинон оид ба хизматҳои таърихӣ ва арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёди инфрасохтори замонавӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Ҳамчунин, ба иштирокчиёни мулоқот оид ба аҳамияти таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ободониву созандагӣ ибрози назар намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ барои ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?