Посетители
4512927
Сегодня
275
На этой неделе
1700
В этом месяце
27105
Итого
4512927
03.07.2026
Ташаббуси Тоҷикистон барои таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ
ТАШАББУСЕ БА ХОТИРИ ФАРДОИ ОСОИШТА: «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА» — ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКИСТОН
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба таҳкими сулҳу субот, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳалли масъалаҳои глобалии замони муосир равона гардидааст. Маҳз бо ҳамин сиёсати созанда Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳпарвар дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, иқдомҳои он пайваста аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбанд.
Яке аз дастовардҳои муҳими дипломатияи муосири Тоҷикистон қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» мебошад. Ин ташаббуси ҷаҳонӣ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии кишварҳои аъзои СММ қабул гардида, бори дигар нуфуз ва мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф дар тарғиби фарҳанги сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ мустаҳкам намуд.
Мақсади асосии даҳсолаи мазкур таҳкими сулҳу суботи пойдор, густариши фарҳанги сулҳ, рушди таҳаммулгароӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи наслҳои оянда мебошад. Дар ҷаҳоне, ки имрӯз бо хатарҳои гуногун, аз ҷумла муноқишаҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар таҳдидҳои глобалӣ рӯ ба рӯ аст, чунин ташаббус аҳаммияти фавқулода муҳим дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки сулҳ ва субот бузургтарин арзиш барои ҳар як давлату миллат мебошад. Таҷрибаи сулҳофарини Тоҷикистон, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба даст омадааст, имрӯз ҳамчун намунаи нодири ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Аз ин рӯ, пешниҳоди чунин ташаббуси ҷаҳонӣ идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва башардӯстонаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Қабули Қатъномаи СММ на танҳо эътирофи саҳми Тоҷикистон дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст, балки масъулияти тамоми кишварҳоро барои муттаҳид намудани талошҳо ҷиҳати ҳифзи сулҳ, тарбияи насли соҳибмаърифат, таҳкими арзишҳои инсонпарварӣ ва пешгирии ҳар гуна низоъҳо бештар мегардонад.
Боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки кишвари мо имрӯз бо ташаббусҳои созанда ва ҷаҳониаш дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад. Боварии комил дорем, ки татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» ба густариши дӯстӣ миёни халқҳо, таҳкими ҳамдигарэътимодӣ, таъмини сулҳу амнияти байналмилалӣ ва бунёди ояндаи осоишта барои тамоми башарият мусоидати назаррас хоҳад намуд.
Абдувоҳидзода Фирӯза Абдувоҳид – Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









