Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4512907
Сегодня
255
На этой неделе
1680
В этом месяце
27085
Итого
4512907
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

26.06.2026

Дар Конибодом ҳамоиш бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ баргузор гардид

ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ БАХШИДА БА «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА (2027–2036)» ҲАМОИШ БАРГУЗОР ГАРДИД
Санаи 26 июни соли 2026 дар шаҳри Конибодом бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, фаъолони ҷомеа, омӯзгорону ҷавонон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ бахшида ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш таъкид карда шуд, ки қабули ин қатънома натиҷаи сиёсати хирадмандона, сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, боз як далели равшани эътирофи нақши Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Муовини Раиси шаҳри Конибодом Гулчеҳра Раҳмонзода дар баромади худ оид ба аҳамияти таърихии ташаббуси навбатии Пешвои миллат сухан гуфта, иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз кишварҳои пешсаф дар пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Зикр гардид, ки қабули «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи давлату Ҳукумати мамлакат буда, ба таҳкими фарҳанги сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва амнияти ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷараёни ҳамоиш ҷавонони фаъоли шаҳр низ иштирок намуда, вобаста ба аҳамияти сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва нақши ҷавонон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ андешаронӣ карданд. Таъкид гардид, ки маҳз ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд дар татбиқи ҳадафҳои ин даҳсола саҳми арзанда гузоранд.
Ҳамчунин, иштирокчиён бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз сиёсати созандаи Пешвои миллат шиорҳои сулҳпарварона ва ватандӯстона садо дода, аз ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ҳозирин қабули қатъномаи мазкурро ҳамчун дастоварди муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътирофи навбатии нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои он изҳор доштанд.
Возможно, это изображение один или несколько человек и текст "tes hP"Возможно, это изображение толпа и текстВозможно, это изображение помостВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение один или несколько человекНет описания фото.Возможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и текст "tes teshwox tes hwp"Нет описания фото.Возможно, это изображение толпа и текстВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение толпа и текст
Возврат к списку новостей