Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4512912
Сегодня
260
На этой неделе
1685
В этом месяце
27090
Итого
4512912
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

26.06.2026

МАШҚИ МУКАММАЛИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ БО МУВАФФАҚИЯТ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

МАШҚИ МУКАММАЛИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ БО МУВАФФАҚИЯТ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Санаҳои 24–26 июни соли 2026 дар шаҳри Конибодом тибқи нақшаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ва қарори Раиси шаҳри Конибодом аз 18 июни соли 2026 таҳти №304 Машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории машқ санҷиши сатҳи омодагии сохторҳо ва хадамоти дахлдор ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода, пешгирии ҳодисаҳои техногенӣ, баланд бардоштани малакаи амалии ҳайати роҳбарикунанда ва расонидани кӯмакҳои методӣ ба сохторҳои марбута ба ҳисоб мерафт.
Дар ҷараёни машқ хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои дахлдор фаъолона иштирок намуда, чорабиниҳои пешбинишуда дар сатҳи зарурӣ амалӣ карда шуданд. Ҳамзамон, намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати вилояти Суғд дар рафти баргузории машқҳо ширкат варзида, ба раванди иҷрои вазифаҳо мусоидат намуданд.
Натиҷаҳои машқи мукаммали мудофиаи гражданиро Раиси шаҳри Конибодом, Сардори мудофиаи граждании шаҳр Даврон Зоҳидзода ҷамъбаст намуда, ба намояндагони Кумита, Раёсати вилояти Суғд, роҳбарони хадамот, ташкилоту муассисаҳо ва ҳамаи иштирокдороне, ки барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардидани машқ саҳми арзанда гузоштанд, изҳори сипос намуд.
Дар анҷоми чорабинӣ як қатор хадамот ва кормандоне, ки зимни машқҳо сатҳи баланди касбият, масъулиятшиносӣ ва омодагии хуб нишон доданд, бо Сипосномаи Раиси шаҳри Конибодом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ ҳамчун воситаи муҳими баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва таҳкими ҳамоҳангии фаъолияти хадамотҳои дахлдор арзёбӣ карда шуд.
Возможно, это изображение текстВозможно, это изображение скорая помощьНет описания фото.Нет описания фото.Возможно, это изображение ‎текст "‎ೋಾ משוסט 的!!‎"‎Нет описания фото.Возможно, это изображение летательный аппарат и текстВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение скорая помощьВозможно, это изображение автомобиль, дорога и текстВозможно, это изображение текстНет описания фото.Возможно, это изображение скорая помощь и текстВозможно, это изображение один или несколько человек, скорая помощь и больницаВозможно, это изображение скорая помощь и текстНет описания фото.Возможно, это изображение текстВозможно, это изображение помост и текстВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение текст
Возврат к списку новостей