Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4512905
Сегодня
253
На этой неделе
1678
В этом месяце
27083
Итого
4512905
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

26.06.2026

Паёми табрикии Раиси шаҳри Конибодом ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ ДАВРОН ЗОҲИДЗОДА БА ИФТИХОРИ 29 - УМИН СОЛГАРДИ РУЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Ҳамдиёрони азиз!
Дар саҳифаҳои таърихи давлатдории ҳар як халқу миллат санаҳое ҳастанд, ки бо хати заррин сабт гардида, дар тақдиру сарнавишташон нақши бузургу мондагор доранд.
Барои миллати куҳанбунёди мо санаи 27 – июни соли 1997 аз ҷумлаи чунин рӯзҳои муқаддасу хотирмон ба шумор меравад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, аз оғози сулҳу оромӣ, дӯстиву бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмиву суботи ҷомеаи навини мо башорат дод.
Нахуст, кулли сокинони шаҳрро ба ифтихори ин ҷашни азизу муътабар самимона таб-рик гуфта, бароятон саломативу сарбаландӣ, садоқату саодатмандӣ, сулҳу осоиштагӣ ва хушбахтиву шодмонӣ таманно менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидани ин ҳуҷҷати тақдирсозро ҳамчун рӯйдоди нодир ва арзишманд дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик арзёбӣ намуда, доир ба қадру манзалат ва ҷойгоҳи таърихии он чунин ибрози назар намудаанд: «Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем».
Воқеан ҳам, Ваҳдати миллӣ барои кишвари куҳанбунёди мо ба осонӣ ба даст наомада, балки натиҷаҳои заҳмату талошҳои фарзандони сарсупурдаи ватан таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллатамон ва азхудгузаштанҳову ҷонбозиҳои ин абармард мебошад ва маҳз барои ҳамин ҳам, ба қадри ин неъмати бузург расидан ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт кардани он вазифаи ҷонию имонии ҳар як фарди бонангу номуси диёр мебошад.
Баробари оғозу побарҷо шудани заминаҳои сулҳу ваҳдат ба туфайли ҳидояту раҳнамоиҳо ва талошҳои пайваставу пайгиронаи Пешвои муаззами миллатамон кишвари соҳибистиқлоли мо ба марҳилаи нави рушд ворид гардид, дар ҳар гӯшаву канори мамлакат корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо намуда, мардуми сарбаланду ваҳдатофари мо барои фардои дурахшони Тоҷикистони азиз қадамҳои устуворона ва боэътимод гузошта истодаанд.
Боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳам-чун таҷрибаи нодири ҳалли муноқиша ва ихтилофот эътироф гардида, мавриди тарғибу ташвиқ, омӯзиш ва истифода қарор дода шудааст.
Итминони комил дорем, ки ҳар як сокини шарафманди шаҳрамон дар соли таърихии 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам таҳким бахшидани ғояҳои истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ, устувории пояҳои сулҳу субот ва дӯстиву рафоқат саъю кӯшиш намуда, барои вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани сарзамини биҳиштосоямон талош хоҳанд варзид.
Бори дигар, ҷашни 29 - умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро ба ҳамаи сокинони сарбаланди Канди бостонӣ самимона шодбош гуфта, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, саодату нишоти зиндагӣ, сулҳу суботи пойдор ва бахту иқболи накӯ таманно дорам.
Бигзор, дар Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу субот ҷовидона бошад.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!
Нет описания фото.
Возврат к списку новостей