Посетители
4512918
Сегодня
266
На этой неделе
1691
В этом месяце
27096
Итого
4512918
11.06.2026
ҶАЛАСАИ СИТОДИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ
ҶАЛАСАИ СИТОДИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ
Санаи 11 июни соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом таҳти раёсати Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода ҷаласаи навбатии Ситоди кишоварзӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини якум ва муовинони Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомоти иҷроия дар ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд. Ҳамчунин дар ҷаласа муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ ҳузур дошт.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла рафти корҳои саҳроӣ, иҷрои нақшаи кишти пахта, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолияти масъулин дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вобаста ба иҷрои нақшаи кишти пахта ва истифодаи самараноки захираҳои замин мавриди таҳлилу пурсиш қарор дода шуд.
Ба масъулин ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳои саҳроӣ, пешгирии бекорхобии заминҳо ва истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода таъкид намуд, ки истифодаи самараноки замин, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва иҷрои саривақтии нақшаҳои пешбинишуда аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулини соҳа ба ҳисоб мераванд. Ӯ ба муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, Раёсати кишоварзӣ ва дигар мутасаддиён ҷиҳати таъмини иҷрои пурраи нақшаи кишти пахта, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва таҳкими назорати корҳои саҳроӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.
Дар фарҷоми ҷаласа ба масъулин дастур дода шуд, ки барои иҷрои босифат ва саривақтии супоришҳои додашуда бо масъулияти баланд амал намуда, аз натиҷаи корҳои анҷомдода мунтазам ҳисобот пешниҳод намоянд. Назорати иҷрои супоришҳои мазкур таҳти назорати роҳбарияти шаҳр қарор дода шуд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?