Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4512920
Сегодня
268
На этой неделе
1693
В этом месяце
27098
Итого
4512920
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

03.06.2026

ҲИФЗИ ФАРЗАНДОН – МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГИ ВОЛИДОН ВА ЗАМИНАИ УСТУВОРИ АМНИЯТИ ҶОМЕА

Дар марҳилаи кунунии рушди ҷомеа, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва ояндасозонаи давлат ба сӯи таҳкими пояҳои давлатдорӣ, суботи иҷтимоӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифат қадамҳои устувор мегузорад, масъалаи ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакону наврасон ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди масъулиятшинос табдил ёфтааст.
Фарзанд неъмати бебаҳои зиндагӣ, амонати гаронбаҳои ҷомеа ва идомабахши роҳи давлату миллат мебошад. Аз ин рӯ, таъмини амнияти ҷисмониву маънавии ӯ на танҳо қарзи ахлоқии падару модар, балки рисолати шаҳрвандӣ ва масъулияти иҷтимоии ҳар як узви ҷомеа маҳсуб меёбад.
Мутаассифона, солҳои охир баъзе ҳодисаҳои нохуш, аз ҷумла ғарқшавии кӯдакону наврасон дар дарёҳо, каналҳо, ҷӯйборҳо ва дигар ҳавзаҳои обӣ боиси нигаронии ҷомеа гардидааст. Таҳлили чунин воқеаҳои фоҷиабор нишон медиҳад, ки дар аксари мавридҳо сабаби асосии ба вуҷуд омадани онҳо беэътиноӣ нисбат ба назорати фарзандон, паст будани ҳисси масъулияти баъзе волидон ва риоя нагардидани қоидаҳои оддии бехатарӣ мебошад.
Об, ки сарчашмаи ҳаёт ва рамзи покизагию ободӣ аст, дар сурати муносибати бемасъулиятона метавонад ба манбаи хатар табдил ёбад. Бисёр вақт мушоҳида мешавад, ки баъзе падару модарон фарзандони ноболиғи худро бе ҳамроҳӣ ва назорати зарурӣ ба соҳили дарёҳо, каналҳо ва дигар ҷойҳои хавфнок мебаранд ё онҳоро дар чунин муҳитҳо танҳо мегузоранд. Дар натиҷа, як лаҳза бепарвоӣ метавонад сабаби аз даст рафтани ҷони инсон ва ба вуҷуд омадани дарди ҷуброннопазир гардад.
Дар фарҳанги миллии тоҷикон тарбияи фарзанд ҳамеша ҷойгоҳи хос дошта, аз қадим масъулияти волидон нисбат ба амният ва камолоти фарзанд ҳамчун қарзи муқаддас арзёбӣ мегардид. Бузургони миллат таъкид намудаанд, ки тарбия аз гаҳвора оғоз меёбад ва назорати оқилонаи волидон муҳимтарин омили ташаккули шахсияти фарзанд мебошад. Аз ҳамин нуқтаи назар, падару модар набояд танҳо ба таъмини шароити моддии фарзанд қонеъ гарданд, балки вазифадоранд дар ҳар қадами зиндагӣ роҳнамо, мушовир ва муҳофизи ӯ бошанд.
Ҳушёрӣ ва зиракии волидон дар шароити имрӯза аҳаммияти хоса касб намудааст. Бо рушди технологияҳои иттилоотӣ, густариши шабакаҳои иҷтимоӣ ва зиёд гардидани таъсири омилҳои гуногуни беруна, масъулияти оила дар самти назорат ва тарбияи фарзанд боз ҳам бештар мегардад. Фарзандоне, ки аз меҳру муҳаббат, таваҷҷуҳ ва назорати пайвастаи волидон бархӯрдоранд, одатан дорои ахлоқи ҳамида, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва фарҳанги бехатарӣ мебошанд.
Ҳамзамон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги масъулияти падару модарон яке аз роҳҳои муассири пешгирии ҳодисаҳои нохуш ба ҳисоб меравад. Волидон бояд ба фарзандон қоидаҳои бехатарӣ, эҳтиёткорӣ дар назди манбаъҳои обӣ, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои ҷомеаро пайваста омӯзонанд. Чунин муносибат метавонад на танҳо ҳаёти кӯдакро ҳифз намояд, балки барои ташаккули шахсияти комил ва соҳибмаърифат мусоидат кунад.
Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон ба ҷавонону наврасоне ниёз дорад, ки дорои ҷаҳонбинии васеъ, маърифати баланд, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ бошанд. Ба даст овардани ин ҳадаф пеш аз ҳама аз муҳити солими оилавӣ ва тарбияи дурусти фарзандон вобаста мебошад. Оила ҳамчун нахустин мактаби зиндагӣ бояд дар вуҷуди фарзанд эҳсоси эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги бехатарӣ, меҳнатдӯстӣ ва ватандӯстиро ташаккул диҳад.
Ҳар як падару модар бояд дарк намояд, ки фарзанд танҳо узви як оила нест, балки намояндаи ояндаи миллат мебошад. Аз ин рӯ, ҳар амале, ки ба таъмини амният, тарбия ва рушди ӯ равона мегардад, дар асл сармоягузорӣ ба фардои давлат ва ҷомеа мебошад.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки волидон нисбат ба тарбия ва назорати фарзандони ноболиғ эҳсоси баланди масъулият дошта бошанд, онҳоро бе назорат дар назди дарёҳо, каналҳо ва дигар ҷойҳои хавфнок нагузоранд, фарҳанги эҳтиёткориро дар зеҳни онҳо ташаккул диҳанд ва бо ҳушёриву зиракии пайваста барои ҳифзи ҷони онҳо кӯшиш намоянд.
Зеро фарзанди имрӯз — шаҳрванд ва бунёдгузори фардои Тоҷикистон аст ва ҳифзи ҳаёти ӯ вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар ва рисолати муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Танҳо тавассути масъулиятшиносӣ, ҳушёрӣ ва тарбияи дуруст метавон насли солим, маърифатпарвар ва созандаро ба камол расонид, ки ояндаи давлату миллатро бо дастовардҳои арзанда мунаввар созад.
Абдувоҳидзода Фирӯза Абдувоҳид – Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом
Возможно, это изображение один или несколько человек и текст
Возврат к списку новостей