Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4478052
Сегодня
301
На этой неделе
301
В этом месяце
6299
Итого
4478052
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

02.06.2026

ҲИФЗИ ФАРЗАНДОН – АМОНАТИ ИЛОҲӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДОН

ҲИФЗИ ФАРЗАНДОН – АМОНАТИ ИЛОҲӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДОН
Фарзанд неъмати бузурги Худованд ва амонати муқаддас дар дасти падару модар мебошад. Дар дини мубини Ислом тарбия, ҳифз ва нигоҳубини фарзандон аз муҳимтарин вазифаҳои волидон ба шумор меравад. Паёмбари акрам (с) фармудаанд: «Ҳар яки шумо чӯпон ҳастед ва ҳар яки шумо нисбат ба рамаи худ масъул ҳастед.»
Имрӯзҳо бо фаро расидани фасли гармо бисёр кӯдакону наврасон барои оббозӣ ба соҳили дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо мераванд. Мутаассифона, баъзе волидон фарзандони худро беназорат мегузоранд ва ин боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш мегардад. Ҳар сол бар асари беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҷони бархе аз кӯдакон аз даст меравад. Ин гуна фоҷиаҳо қалби ҳар як инсонро озурда месозанд.
Аз нигоҳи шариати Ислом ҳифзи ҷони инсон яке аз арзишҳои волост. Бинобар ин, волидонро зарур аст, ки фарзандони худро аз хатарҳо эмин нигоҳ доранд, онҳоро танҳо ба лаби дарёву каналҳо нафиристанд ва ҳамеша аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар бошанд.
Ҳамчунин, имрӯз масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддиро талаб мекунад. Баъзе волидон ба хотири дарёфти ризқу рӯзӣ ба хориҷи кишвар мераванд ва фарзандони ноболиғи худро бе назорати кофӣ мемонанд. Ҳол он ки фарзанд танҳо ба ғизо ва либос не, балки ба меҳру муҳаббат, тарбия, назорат ва роҳнамоии доимии падару модар ниёз дорад.
Ислом моро ба ҳушёрӣ, масъулиятшиносӣ ва ғамхорӣ нисбат ба фарзандон даъват менамояд. Волидон бояд ба фарзандон одоби зиндагӣ, эҳтироми калонсолон, дӯст доштани Ватан, донишомӯзӣ ва қоидаҳои бехатариро омӯзонанд. Инчунин, дар шароити рух додани офатҳои табиӣ, аз ҷумла сел, обхезӣ ва дигар ҳодисаҳои фавқулода, ба онҳо роҳҳои ҳифзи ҷони худро фаҳмонанд.
Фаромӯш набояд кард, ки тарбияи дурусти фарзанд садақаи ҷория ва сармояи бебаҳои волидон барои дунё ва охират мебошад.
Худованд ҳамаи фарзандони моро дар паноҳи худ нигоҳ дорад ва ба волидон тавфиқи тарбияи шоистаи онҳоро насиб гардонад.
АБРОРОВ АББОСХОН
Сархатиби масҷиди ҷомеаи марказии шаҳри Конибодом
Возможно, это изображение ребенок и текст
Возврат к списку новостей