Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4478060
Сегодня
309
На этой неделе
309
В этом месяце
6307
Итого
4478060
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

28.05.2026

ТЕРРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ - ХАТАР ВА ТАҲДИДҲО

ТЕРРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ - ХАТАР ВА ТАҲДИДҲО
Дар чанд соли охир яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки ҷомеаи муосирро ташвиш медиҳад, ин густариш ёфтани экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти хавфнок мебошад.
Гурӯҳҳои ифротӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ бештар ба ҳиссиёти динӣ таъсир расонида, талош мекунанд афродро ба он бовар кунонанд, ки гӯё сиёсатҳои давлатӣ зидди арзишҳои динӣ мебошанд. Онҳо барои амалӣ кардани мақсадҳои нопоки худ Исломро ҳамчун воситаи фиреб истифода мебаранд.
Дар аксари мавридҳо ҷавонон аввалин қурбониёни терроризм ва экстремизм мегарданд. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, сабабу омилҳои пайдоиши гурӯҳҳои радикалӣ ва террористиро амиқан омӯзад ва барои пешгирӣ аз чунин хатарҳо талош намояд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар устувор боқӣ монад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки вазъи ҷаҳони муосир рӯз то рӯз мураккаб гардида, хатарҳои нав, аз ҷумла терроризм ва экстремизм афзоиш меёбанд. Инчунин бархӯрди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳон ва бӯҳронҳои иқтисодию молиявӣ боиси ташаннуҷи бештари вазъи сиёсии кураи замин гардидаанд.
Аз таҳлили фазои иттилоотии ҷаҳон бармеояд, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои ифротӣ ва тундгароёна ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст. Мутаассифона, ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ мебошад. Баъзе ҷавонони тоҷик таҳти таъсири гурӯҳҳое қарор мегиранд, ки бо баҳонаи динӣ мехоҳанд вазъи сиёсиро ноором созанд. Онҳо динро барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода бурда, зидди арзишҳои миллӣ ва дунявӣ таблиғ мекунанд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ низ таъкид намуданд, ки мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, ҳурофот ва ифротгароӣ, инчунин ҳифзи манфиатҳои миллӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ мебошад. Имрӯз дар ҷаҳони Ислом шумораи зиёди ҳаракатҳо ва ҳизбҳои ифротӣ фаъолият доранд, ки бо дастгирии қудратҳои хориҷӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, роҳ ёфта, метавонанд субот ва амнияти ҷомеаро халалдор созанд.
Аз ин рӯ, пешгирии экстремизм бояд ба ҳамкории оила, мактаб, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма асос ёбад. Дар чунин шароит ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст, махсусан ҷавонон, бояд аз ақидаҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ки дини Исломро бо тундгароӣ баробар медонанд, дурӣ ҷӯянд. Зеро пайвастан ба чунин ҳаракатҳо на танҳо ҷони шахсро зери хатар мегузорад, балки метавонад боиси марги садҳо нафар гардад.
Ҳар як сокини кишвар, хоса ҷавонон бояд барои ҳифзи истиқлолият, якпорчагӣ ва амнияти давлат саҳм гузоранд ва барои истиқболи сазовори соли таърихӣ, 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, танҳо афкори созанда, ақли солим ,дониши баланди диниву дунявӣ ва зиракии сиёсӣ метавонад , ҷавононро барои амалишавии орзуҳо равона созад . Зеро ҳаёт бе терроризму экстремизм зебост !
Аброров Аббосхон
Сархатиби шаҳри Конибодом
Возможно, это изображение один или несколько человек и текст "СУЛХУ ВАХДАТ ВА истиклол αμιΩό НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ ΒА ИфРОТГАРОТ!"
Возврат к списку новостей