Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4478048
Сегодня
297
На этой неделе
297
В этом месяце
6295
Итого
4478048
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

18.05.2026

ХОИНОН БА ҲАДАФҲОИ НОПОКИ ХУД ҲЕҶ ГОҲ НАМЕРАСАНД

ХОИНОН БА ҲАДАФҲОИ НОПОКИ ХУД ҲЕҶ ГОҲ НАМЕРАСАНД
Имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромии комил зиндагӣ намуда, баҳри ободии Ватан ва пешрафти давлат софдилона меҳнат мекунанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз аз рӯз рушд ёфта, дар тамоми гӯшаву канори мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат меёбанд.
Сохтмони роҳҳо, пулҳо, мактабҳо, беморхонаҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти фарҳангиву варзишӣ ва дигар иқдомҳои ободонӣ далели равшани сиёсати созанда ва рушди босуботи кишвар мебошад.
Ҳамаи ин дастовардҳо маҳз дар заминаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои наҷоти давлату миллат, барқарор намудани сулҳу оромӣ ва муттаҳид сохтани мардуми тоҷик талошҳои шабонарӯзӣ анҷом дода, Тоҷикистонро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ ва нобудӣ раҳо намуданд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва рӯ ба рушд мешиносад, ки ин ҳама самараи сиёсати дурандешонаи Роҳбари давлат мебошад.
Мутаассифона, дар баробари ин пешравиҳо ҳанӯз ҳам бархе афроди хиёнатпеша ва бевиҷдон пайдо мешаванд, ки бо суханони иғвоангез, дурӯғу буҳтон ва дасисаҳои худ мехоҳанд афкори ҷомеаро заҳролуд созанд. Ин гуна ашхос, ки бештар аз хориҷи кишвар зери таъсир ва супоришҳои хоҷагони бегона амал мекунанд, мехоҳанд миёни мардум тухми кинаву адоват кошта, ба оромиву суботи кишвар халал ворид намоянд. Онҳо намехоҳанд пешрафти Тоҷикистон ва зиндагии ороми мардумро бубинанд ва бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ҷомеаро ноором созанд.
Аммо онҳо як ҳақиқати муҳимро фаромӯш кардаанд: мардуми тоҷик имрӯз аз ҳар вақти дигар бештар муттаҳиду ҳушёр ҳастанд. Халқи Тоҷикистон солҳои вазнину пурфоҷиаи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва қадри сулҳу ваҳдатро хуб медонад. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанг хомӯш гардида, ваҳдати миллӣ барқарор шуд ва мардум ба зиндагии осоишта баргаштанд. Аз ин рӯ, имрӯз шаҳрвандони кишвар дигар фирефтаи фитнаву дасисаҳои душманони миллат намегарданд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат садҳо иншооти муҳими стратегӣ бунёд гардида, Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ворид шуд. Амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ — далели равшани сиёсати созанда ва ғамхоронаи давлат мебошад. Имрӯз роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо, неругоҳҳои барқӣ ва корхонаҳои азими саноатӣ ба нафъи мардум хизмат мекунанд.
Хоинони миллат бояд дарк кунанд, ки Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократӣ аст. Мардуми кишвар бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои маҳбуби кишварамон барои ободии Ватан камари ҳиммат бастаанд ва ҳеҷ гуна дасисаву туҳмат наметавонад онҳоро аз роҳи интихобкардаашон боздорад. Онҳое, ки имрӯз худро “ғамхори мардум” нишон медиҳанд, дар асл ҳадафе ҷуз манфиати шахсӣ, иғвоангезӣ ва ноором сохтани ҷомеа надоранд.
Ин ашхос бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва паҳн намудани маълумоти бардурӯғ кӯшиш мекунанд мардумро гумроҳ созанд. Вале ҷомеаи имрӯза хуб дарк мекунад, ки озодии баён ҳаргиз маънои паҳн намудани буҳтон, таҳқир ва дасисабозиро надорад. Ҳар як шаҳрванди огоҳ медонад, ки пушти чунин амалҳо ниятҳои нопок ва ҳадафҳои ғаразнок пинҳон аст.
Таърих исбот кардааст, ки хиёнаткор ҳеҷ гоҳ миёни мардум обрӯ пайдо намекунад. Номи фарзандони содиқи миллат ҳамеша бо эҳтиром ва қадрдонӣ ёд мешавад, аммо хоинон ва бадхоҳони давлату миллат дар саҳифаҳои таърих бо нафрат сабт мегарданд. Миллати тоҷик ҳазорсолаҳо бо фарҳанги воло, хиради азалӣ ва ҳисси ватандӯстӣ зинда мондааст ва ҳеҷ гоҳ ба душманони дохиливу хориҷӣ иҷозат намедиҳад, ки ба ваҳдату оромии кишвар латма ворид намоянд.
Имрӯз вазифаи ҳар як фарди бонангу номус аз он иборат аст, ки барои ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошад.
Мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ тарбия намоем, то онҳо ҳаргиз фирефтаи таблиғоти ифротгароёна ва дасисаҳои бадхоҳон нагарданд. Зеро ояндаи давлату миллат маҳз аз маърифату худогоҳии насли ҷавон вобастагӣ дорад.
Хоинони миллат бояд бидонанд, ки мардуми Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ онҳоро дастгирӣ нахоҳанд кард. Зеро мардум сулҳу оромӣ, амният, ваҳдати миллӣ ва пешрафти давлатро аз ҳама арзишмандтар медонанд. Ҳар касе, ки бар зидди манфиатҳои миллат ва давлат амал мекунад, дер ё зуд назди қонун ва назди ҷомеа ҷавоб хоҳад гуфт.
Гулчеҳра Раҳмонзода — муовини Раиси шаҳри Конибодом
Возможно, это изображение текст "ТЕРРоРИЗМ- ДУШМАНИ СУЛХ ВА ОРОмИИ инсоният АСТ! мо ΟΗΡΟ Бо тамомИ КУВВА МАХКУМ MEKYHEM! ОЯНДАИ OPOMY БЕХАТАР ТАНХо ДАР СУРАТИ ВАХДАт, ВАХДАт. ХУШЁРЙ ВА МАСЪУЛИЯТИ XAP Яки мо ХУшЁРЙ мо СУЛХРО ИНТИхОБ МЕКУНЕМ! МАСЪУЛИЯТ = ОЯНДАИ ДУРАХШОН"
Возврат к списку новостей