Посетители
4478048
Сегодня
297
На этой неделе
297
В этом месяце
6295
Итого
4478048
10.05.2026
Пешгирии ифротгароӣ тавассути тарбияи ватандӯстӣ
Пешгирии ифротгароӣ тавассути тарбияи ватандӯстӣ
Ифротгароӣ аз он ҷо роҳ меёбад, ки дар қалб муҳаббат ба Ватан заиф шавад, дар зеҳн худшиносӣ коста гардад ва дар андеша ҷойи маърифатро бегонапарастӣ бигирад. Аз ҳамин хотир, яке аз роҳҳои муҳимтарини пешгирии ин падидаи хатарнок тарбияи ватандӯстӣ дар ниҳоди ҷавонон мебошад.
Ватандӯстӣ танҳо дӯст доштани як сарзамин нест. Ватандӯстӣ эҳтиром ба миллат, пос доштани таърих, арҷ гузоштан ба забон, садоқат ба давлат ва масъулият дар назди ҷомеа аст. Ҷавоне, ки бо ҳамин руҳия ба воя мерасад, ҳаргиз ба роҳи гумроҳӣ, ифрот ва хиёнат намеравад. Ӯ хуб медонад, ки сулҳу субот неъмати бузург аст ва ҳифзи он вазифаи ҳар як фарзанди бонангу номуси Ватан мебошад.
Имрӯз дар шароите, ки гурӯҳҳои ғаразнок бо роҳҳои гуногун, махсусан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, талош мекунанд ҷавононро ба доми андешаҳои хатарнок кашанд, тарбияи ватандӯстӣ бештар аз ҳар вақти дигар аҳаммият пайдо кардааст. Зеро ҷавоне, ки ба Ватан муҳаббат дорад, ба арзишҳои миллӣ содиқ аст ва худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеа медонад, фирефтаи ҳар шиори бардурӯғ намешавад.
Муҳаббат ба Ватан аз оила оғоз мешавад, дар мактаб ташаккул меёбад ва дар ҷомеа қувват мегирад. Агар мо хоҳем ҷавононамон роҳи дурустро интихоб кунанд, бояд аз овони хурдӣ дар дили онҳо ифтихори миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва ҳисси баланди масъулиятро ҷой диҳем. Зеро ватандӯстӣ на танҳо эҳсос, балки сипари маънавист, ки инсонро аз роҳи хато нигоҳ медорад.
Ҷавоне, ки Ватанро дӯст медорад, мехоҳад онро обод бинад, дар рушдаш саҳм гузорад, бо донишу меҳнат ва ахлоқи ҳамида ба халқаш хизмат кунад. Чунин ҷавон ба ҷойи вайронкорӣ, созандагиро интихоб мекунад; ба ҷойи нафрат, муҳаббатро тарғиб мекунад; ба ҷойи ифрот, роҳи ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро пеш мегирад.
Биёед, дар қалби насли наврас пеш аз ҳама муҳаббат ба Ватан, ифтихор аз миллат ва арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдатро тарбия намоем. Зеро ҳар ҷавоне, ки бо руҳи ватандӯстӣ ба камол мерасад, як сипари боэътимоди давлат, як неруи созандаи ҷомеа ва як умеди фардои миллат аст.
Ватандӯстӣ чароғест, ки роҳи ростро равшан мекунад ва миллатро ба сӯи сулҳ, ваҳдат ва ояндаи дурахшон мебарад.
Марҳабо Маъруфзода - директори гимназияи 1-и шаҳри Конибодом, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?