Посетители
4478040
Сегодня
289
На этой неделе
289
В этом месяце
6287
Итого
4478040
10.05.2026
Пешгирии исрофкорӣ ҳангоми Ҳаҷ — талаботи қонун
Пешгирӣ – василаи муҳими татбиқи қонунгузорӣ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ба иттилоъи ҳамаи шаҳрвандон, хосатан ба он нафароне, ки рӯзҳои наздик тибқи рӯйхати бахши дин ва танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба сафари адои Ҳаҷ-2026 номнавис гардидаанд, хотиррасон карда мешавад, ки ҳатман талаботи моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” - “Маросими ҳаҷ ва умра” қатъиян риоя карда шавад. Мувофиқи талаботи қонун маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ва ё умра дар доираи оила гузаронида мешаванд. Ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва маъракаи дигар, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ аст.
Илова бар ин, шумоенро ҳушдор менамоем, ки тибқи талаботи қонуни мазкур оростани зиёфат, даъвати меҳмонони зиёд ва ташкили маъракаи пурдабдаба манъ аст. Бо назардошти он ки, ҳангоми гусел ва қабули ҳоҷиён шумораи зиёди одамон дар фурудгоҳ ё дигар ҷойҳо иҷозат дода намешавад, танҳо мувофиқи хабари алоҳидаи масъулини бахш бо маслиҳати пешакӣ як нафар аъзои оила метавонанд то макони гусел – масҷиди марказии “Савр” ҳамроҳӣ намоянд.
Ба ҳамаи ҳаҷу умракунандагон тавсия дода мешавад, ки дар такя ба амалигардонии эълон гардидани Соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ба ҷойи маъракаҳои манъшуда метавонанд корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, корҳои ободонию созандагӣ, таъмири иншоотҳои иҷтимоӣ ва пулҳоро анҷом диҳанд.
Хотиррасон менамоем, ки ҳангоми риоя накардани талаботҳои зикргардида, дар доираи талаботҳои қонун: моддаи 20 - ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур, яъне нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ татбиқ карда
Султанова Маҳлиё
Мудири бахши дин ва танзими ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?