Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4448523
Сегодня
30
На этой неделе
938
В этом месяце
10043
Итого
4448523
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

06.04.2026

МАШВАРАТИ КОРӢ: ТАҲЛИЛИ ВАЗЪ ВА ВАЗИФАГУЗОРИИ МУШАХХАС

МАШВАРАТИ КОРӢ: ТАҲЛИЛИ ВАЗЪ ВА ВАЗИФАГУЗОРИИ МУШАХХАС
Санаи 6 апрели соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода машварати корӣ бо иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъба ва бахшҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар масъулини дахлдор доир гардид.
Дар машварат як қатор масоили мубрами рӯз мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, тақвият бахшидани тадбирҳо оид ба раванди даъвати баҳоронаи ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ, тезонидани корҳои кишту кори баҳорӣ, махсусан кишти пахта, тақсимоти саривақтии кирмак, ҷамъбасти нишондиҳандаҳои оморӣ ва таъмини иҷрои пурраи нақшаи андозҳо, инчунин омодагиҳо ба ҷамъбасти фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар се моҳи аввали соли равон баррасӣ шуданд.
Дар назди масъулин вобаста ба самтҳои зикршуда вазифаҳои мушаххас гузошта шуда, барои иҷрои саривақтӣ ва босифати онҳо дастуру супоришҳои зарурӣ дода шуданд.
Ҳамзамон, Раиси шаҳр дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсию маънавӣ баргузор намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ба масъулини дахлдор супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки баргузории паради умумӣ ва паради ҳарбӣ бояд дар сатҳи баланд ташкил карда шавад.
Дар фарҷом таъкид шуд, ки иҷрои дастуру супоришҳои ироашуда бояд босифат, дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин гардида, аз рафти иҷро ва натиҷаҳои он мунтазам гузоришҳо пешниҳод карда шаванд.
Возможно, это изображение помостВозможно, это изображение помостВозможно, это изображение один или несколько человекНет описания фото.Возможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек и текст
Возврат к списку новостей