Посетители
4448506
Сегодня
13
На этой неделе
921
В этом месяце
10026
Итого
4448506
03.04.2026
ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ҶАВОНОН — ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!»
ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ҶАВОНОН — ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!»
Имрӯз, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо мақсади тарғиби сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманд дар шаҳри Конибодом ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон — Пайравони Пешвои миллат!» баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур муовини якуми Раиси шаҳри Конибодом Шӯҳрат Шокирӣ, Сардори Раёсати рушди иҷтимоии ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Дилошӯб, Сардори шӯъбаи банақшагирӣ ва муҳосибот Ибодуллоев Муҳибулло, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мелиҷонов Аҳлиддин инчунин гирандагони Стипендияи Президентӣ, волидайни онҳо ва ҷавонони фаъол иштирок Ҳамоиши тантанавӣ бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Муовини якуми Раиси шаҳри Конибодом Шӯҳрат Шокирӣ, оид ба сиёсати давлатии ҷавонон, дастгириҳои пайваста ва нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа ибрози назар намуда, ҷавононро ба таҳсили аъло, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамгардидаи давлату Ҳукумат ҳидоят кард.
Сипас Розиқзода Дилошӯб баромад намуда, таъкид кард, ки таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ҳамеша дар мадди аввал қарор дошта, таъсис ва густариши стипендияи президентӣ, инчунин афзоиши шумораи гирандагони он аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ҳамоиш як қатор гирандагони Стипендияи Президентӣ ва волидайни онҳо низ суханронӣ намуда, барои дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос карданд ва зикр намуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва саҳмгузорӣ дар рушди Ватан талош хоҳанд кард.
Дар анҷоми ҳамоиш ба Гирандагони Стипендияи Президентӣ маблағҳои Стипендия (кортҳои бонкӣ) ва шаҳодатномаи Гирандаи Стипендияи Президентӣ ба таври тантанавӣ тақдим карда шуд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?