Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4425866
Сегодня
410
На этой неделе
1490
В этом месяце
6748
Итого
4425866
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

07.02.2026

Артиш – сипари боэътимоди миллат

Артиш – сипари боэътимоди миллат
Дар ҳамкории Комиссариати ҳарбии шаҳр ва шуъбаи маориф дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 бахшида ба Иди Артиши миллӣ конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур комиссари ҳарбии шаҳр полковник Билол Муҳиддинзод, омӯзгорони фанни омодагии дифои ҳарбӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Чорабинӣ дар ду қисм ҷараён гирифт.
Дар қисми аввали он баромади роҳбари дифои ҳарбии МТМУ №42 Абдуллоев Даврон, хонандаи МТМУ №2 Ҷӯраев Масрур, хонандаи синфи 11-уми МТМУ №3 Охонов Умедҷон ва мушовири фанни омодагии дифои ҳарбӣ Ашуров Қ. ба аҳли толор пешниҳод карда шуд.
Сипас, комиссари ҳарбии шаҳр полковник Билол Муҳиддинзод баромад намуда, доир ба масъулияти ватандорӣ, омодагӣ ба ҳифзи марзу буми кишвар ва саҳмгузорӣ дар ободию пешрафти Ватан ибрози назар кард. Ӯ таъкид намуд, ки дар соли таърихии мамлакат — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ — хонандагон бояд ба таҳсилу илмомӯзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Ҳамчунин ба хатмкунандагони синфҳои 11 оид ба дохилшавӣ ба муассисаҳои олии ҳарбӣ дастуру тавсияҳои муфид дода шуд. Инчунин комиссари ҳарбӣ оид ба дохилшавӣ ба литсейи ҳарбӣ ва донишкадаҳои ҳарбии хориҷи кишвар миёни ҷавонписарон корҳои тарғиботӣ анҷом дод.
Дар қисми дуюми чорабинӣ омӯзгорони фаъол барои саҳмгузорӣ дар ташаккули тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии хонандагон бо Ифтихорномаҳои Комиссариати ҳарбӣ қадрдонӣ гардиданд.
Сурудҳо дар иҷрои дастаи хорсароёни гимназияи №1 анҷомбахши чорабинӣ буданд.
Возможно, это изображение текстНет описания фото.Возможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение помост и текстВозможно, это изображение помост и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и помостВозможно, это изображение один или несколько человек, помост и текст "BED"Возможно, это изображение свадьбаВозможно, это изображение помостВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение один или несколько человек и помостВозможно, это изображение один или несколько человек и помост
Возврат к списку новостей