Посетители
4425886
Сегодня
430
На этой неделе
1510
В этом месяце
6768
Итого
4425886
07.02.2026
Мактаб ба мактаб: тарбияи садоқату муҳаббат ба наздикон ва Ватан аз оила ибтидо мешавад
Мактаб ба мактаб: тарбияи садоқату муҳаббат ба наздикон ва Ватан аз оила ибтидо мешавад
Дар доираи вохӯриҳои навбатӣ бо усули «мактаб ба мактаб» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 мулоқот баргузор гардид. Чорабинӣ бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Конибодом Раҳмонзода Гулчеҳра Раҳмон ва иштироки Сардори шуъбаи шаҳрии дар шаҳри Конибодомбудаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дӯстов С.Д., инчунин дигар масъулони соҳа сурат гирифт.
Дар мулоқот омӯзгорон ва хонандагон, падару модарон, фаъолони ҷамоат ва имомхатибон иштирок намуданд.
Муовини Раиси шаҳр Раҳмонзода Гулчеҳра Раҳмон дар баромади худ масъалаҳои марбут ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода, ҳозиринро ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба таҷлили ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд. Таъкид гардид, ки масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини диёр дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва тарбияи насли ватандӯст зоҳир мегардад. Танҳо бо чунин равиш метавон ба пойдории давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ ноил шуд.
Сардори шуъбаи шаҳрии РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Дӯстов С.Д. дар баромади худ масъалаҳои пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, таълими ғайриқонунии динӣ, истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби наврасон, бахусус хонандагон, инчунин бетарафию бепарвоии баъзе падару модаронро ҳамчун омилҳои асосии гумроҳшавии ҷавонон мавриди таҳлили амиқ қарор дод. Зикр гардид, ки тарбияи ахлоқии кӯдак аз оила ва аз муносибати дурусти падару модар ибтидо мегирад. Оила сарчашмаи асосии ташаккули шахсият буда, падару модарон бояд бо рафтори намунавии худ барои фарзандон ибрати нек бошанд.
Дар баромади дигар иштирокчиёни мулоқот масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи донишомӯзӣ, иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, мутолиаи асарҳои арзишманди миллӣ, аз ҷумла «Шоҳнома» ва «Тоҷикон», инчунин уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандӣ дар иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Мулоқот дар фазои самимӣ баргузор гардида, барои тақвияти ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеа дар самти таълиму тарбияи насли наврас самарабахш арзёбӣ гардид.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?