Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4425860
Сегодня
404
На этой неделе
1484
В этом месяце
6742
Итого
4425860
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

06.02.2026

Дар ниҳоди кӯдакон тухми меҳру муҳаббат ба Ватан ва миллатро парвариш намоем

Дар ниҳоди кӯдакон тухми меҳру муҳаббат ба Ватан ва миллатро парвариш намоем
Бо чунин мавзӯъ мулоқоти навбатӣ дар доираи вохуриҳо бо усули "мактаб ба мактаб"дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 дар деҳаи Ғалчамуллои ҷамоати деҳоти Пулодон баргузор гардид.
Гуруҳи корӣ дар ҳайати муовини Раиси шаҳр Раҳмонзода Гулчеҳра Раҳмон, Сардори шӯъбаи шаҳрии дар шаҳри Конибодом будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дустов С.Д, комиссари ҳарбии шаҳр полковник Билол Муҳиддинзод, мудири шуъбаи маориф Абдувоҳидзода Фируза Абдувоҳид, директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Қурбонова Таҳмина, и.в мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Муъминов Равшан тибқи нақшаи тасдиқкардашудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҷомеаи омузгорону хонандагон ва падару модарон мулоқот барпо намуданд.
Тибқи супориши Ҳукумати кишвар дар вохурӣ масъалаҳои марбут ба кори таълиму тарбия, омода намудани ҷавонони созандаи фардои Ватан, ҳамкории ҷомеаи омузгорон бо падару модарон ва амсоли ин масоили муҳим мавриди таҳлил қарор дода шуданд.
Нахуст, муовини Раиси шаҳр Раҳмонзода Гулчеҳра Раҳмон ба аҳли маҷлис дар доираи масъалаҳои вобаста ба пешравии кори таълиму тарбия дар вобастагӣ ба ҳамкории муассиса бо аҳли ҷомеа, вазифаҳои шаҳрвандон дар соли таърихии мамлакат 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ андешаҳои худро иброз доштанд. Барои поягузорию бунёди ояндаи миллат аз имруз ҳиссагузорӣ намудан аз иқдоми ҳар шаҳрванд вобаста аст.
Дар баромади сардори шуъбаи шаҳрии дар шаҳри Конибодом будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дустов С.Д. масоили муҳими ҷаҳони муосир - пешгирии терроризму экстремизм чун вабои аср, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, зарари бегонапарастӣ, тарғиби ахлоқи шоиста ва анъанаҳои миллӣ, садоқат ба миллат ва давлати худ баррасӣ ва бо далелҳои мӯътамад хулосабарорӣ шуданд.
Дар маҳалу деҳа бетарафӣ накардан ба рафтору гуфтори хилофи қонун, эҳёи анъанаҳои миллӣ дар самти одобу ахлоқи ҷавонон, густариш додани ҳисси пайравӣ ба родмардони Ватан дар ниҳоди кӯдакон ҳосили неку ба бор меорад.
Дар мулоқот комиссари ҳарбии шаҳр полковник Билол Муҳиддинзод дар алоқамандӣ ба адои ӯҳдадориҳои ҳарбии ҷавонписарон падару модарон, омузгорон ва аҳли ҷомеаро даъват намуд, ки дар ин масъала бо мақомоти давлатӣ ҳамраъй бошанд ва садоқатмандии худро ба имрузи осоишта ва фардои ободу дур аз оташи ҷангу хунрезӣ нишон диҳанд.
Дар идомаи мулоқот мудири шуъбаи маориф Абдувоҳидзода Фируза Абдувоҳид масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омода намудани ҷавонони соҳибилму бомаърифатро таҳлилу таъкид карда, диққати ҳозиринро ба ҳамкории самарабахш байни муассисаи таълимӣ ва падару модарон дар риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак" равона намуд. Танҳо дар якҷоягӣ аҳли ҷомеа ояндаи некро поягузорӣ менамоянд ва асоси оянда аз дониши амиқу ақли солим вобаста аст.
Директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Қурбонова Таҳмина мақсади асосии мулоқотро дар бобати тарбияи маънавиёти пок тақвият дода, солимии ҷисм ва пойбанди одатҳои бад, амсоли нашъамандию майпарастӣ набуданро як рукни ҳалли мушкилиҳо донист. Танҳо шахси солим бунёдгузори оянда шуда метавонад. Дар навбати худ и.в мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Муъминов Равшан ба аҳли маҷлис мавқеи ҷавононро дар пешравии давлату миллат, бо донишу истеъдод номбардори Ватани азиз гаштани онҳоро таъкид намуда, пешгирии омилҳои номатлубро заруру саривақтӣ донист.
Аҳли маҷлис бо саволҳои худ вобаста ба масъалаҳои таҳлилӣ ҷавобҳои асоснок гирифтанд. Дар замони нобасомониҳои дунё барои пойдории сулҳу суботи кишвар якдилу якмаром шудани аҳли ҷомеа хулосаи мулоқоти имруза буд.
Возможно, это изображение один или несколько человекНет описания фото.Возможно, это изображение один или несколько человек и толпаВозможно, это изображение помост и текстВозможно, это изображение один или несколько человек, толпа и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и толпаНет описания фото.Возможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение опунция и текст
Возврат к списку новостей