Посетители
4404249
Сегодня
322
На этой неделе
322
В этом месяце
3833
Итого
4404249
02.02.2026
БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ
БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ
Санаи 2 феврали соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом баҳри таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, таҳти №АП - 1677 тибқи ҷадвали Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотӣ доир ба «Ҷамъбасти фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2025» баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот ва масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок намуданд. Инчунин, дар нишасти матбуотӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Абдуллозода Шарифулло ширкат намуд.
Нахуст, Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Зоҳидзода Даврони Абдуқодир дар партави амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2025 ба таври фишурда гузориш дода, аз ҷумла таъкид карда шуд, ки дар соли сипаригардида дар аксари самтҳои хоҷагии халқ муваффақияту пешравиҳо ба даст оварда шуда, дар баробари он, дар баъзе самтҳо мушкиливу муаммоҳо ҷой доштанд, ки таҳти назорати масъулини дахлдор қарор дошта, баҳри рафъи онҳо корбариҳо идома доранд.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон, намояндагони нашрияҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва ҳам, рӯзноманигорони мустақилу озод доир ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, аз ҷумла маорифу фарҳанг, вазъи муассисаҳои таълимӣ, масъалаи саривақт бардоштани партовҳо, муҳоҷирати меҳнатӣ ва чораҳои андешидашудаи мақомоти маҳаллӣ баҳри кам кардани раванди мазкур, амалӣ гардидани лоиҳаҳои мавриди назар дар сатҳи шаҳр, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва бунёди коргоҳҳои нав, барқарор кардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, чораҳои андешидашуда бобати татбиқи нақшаи чораҷӯиҳо дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, гузариш ба муносибати биллингии пардохти маблағи нерӯи барқи масрафгардида, таъминот бо оби ошомидании босифат, бунёди пул аз болои дарёи Сир байни шаҳри Конибодом ва ноҳияи Ашт, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, бунёди боғҳои нав, хусусан боғҳои интенсивӣ, муроҷиати шаҳрвандон, корҳои анҷомдодашуда баҳри гиромидошти шахсиятҳои барӯманд – зодагони шаҳри Конибодом ва баъзе дигар масоили муҳиму мубрами рӯз саволу пурсишҳо сурат гирифтанд, ки аз ҷониби Раиси шаҳр ба саволу пурсишҳои додашудаи рӯзноманигорон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд.
Дар ниҳоят, Раиси шаҳр вобаста ба фаъолияти босамар ва нақши созандаи нашрияҳо дар раванди корҳои ободониву созандагӣ ва худогоҳию худшиносии миллии шаҳрвандон ва мусоидаташон дар ҳаллу фасли бисёр масоили муҳиму мубрами рӯз ибрози назар намуда, итминон ҳосил карда шуд, ки аҳли қалам минбаъд ҳам, баҳри иҷрои рисолати созандаи хеш талош хоҳанд кард.

























Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









