Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4404205
Сегодня
278
На этой неделе
278
В этом месяце
3789
Итого
4404205
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

31.01.2026

Паёми табрикии Раиси шаҳри Конибодом Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ба муносибати таҷлили ҷашни Сада

Паёми табрикии Раиси шаҳри Конибодом Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ба муносибати таҷлили ҷашни Сада
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯзҳо, дар сарзамини насли ориё, аз ҷумла кишвари биҳиштосои мо - Тоҷикистони азизамон таҷлили бошукуҳи яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми куҳанбунёдамон – Иди Сада оғоз гардидааст, ки он дар миёни иду ҷашнҳои қадимии суннатиамон мақоми хосаеро доро буда, дар ибтидои сол аз оғози нуру зиё, киштукори баҳорӣ ва фаровониву файзу баракат башорат медиҳад.
Қаблан, ҳар яки шумо, ҳамдиёрони азизро бо фарорасии ҷашни бостониии аҷдодиамон - иди Сада сидқан ва самиман шодбош намуда, баҳратон тансиҳативу хонаободӣ, саодати рӯзгор ва зиндагонии пурфайзу баракат таманно дорам.
Тавре ки ҳамагон огаҳӣ дорем, бо ташаббус ва иқдомҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таҷлили як қатор иду ҷашнҳои миллию аҷдодиву суннатиамон, аз қабили ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон эҳё гардиданд, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ, асоси ҳувият ва асолати мо тоҷикон буда, сол аз сол бошукуҳу шаҳомат таҷлил карда мешаванд.
Пешвои муаззами миллатамон ба арзиш ва мақому манзалати ҷашни Сада, чун дигар ҷашнҳои бузурги миллиамон баҳои баланд дода, аз ҷумла зикр доштанд, ки:
«Сада таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракат ва хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд ва бо рукну оин, фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сарукор доштанд, пайванди маънавии таърихӣ дошта, ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумбашарӣ барои инсоният хизмат менамояд».
Тавре ки аз андешаҳои Пешвои миллатамон бармеояд, ҷашни Сада ифодагари бунёдкориву созандагӣ, ифодагари меҳнату заҳмати пурсамар, азму талоши марди деҳқон ва рамзи ризқу рӯзии фаровон ва омодагиҳо ба оғози корҳои саҳроӣ маҳсуб ёфта, ҳамзамон эҳёгари расму оин, анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва фарҳанги бою рангини халқамон ба шумор меравад.
Боиси қаноатмандист, сокинони шаҳри бостониамон низ, бо эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои қадимаи халқ ин ҷашни ниёгонро ҳамасола бо омодагии хоса ва шукуҳу шаҳомат истиқбол намуда, баҳри ободӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани диёри азизашон камари ҳиммат мебанданд ва ин ҷашни бузурги ниёгонро бо хотири шоду болида ва фазои сулҳу ваҳдати комил таҷлил менамоянд.
Итминони комил дорем, ки имсол низ, хосатан, дар соли таърихии 35 – солагии ҷашни бузурги миллат – Истиқлоли давлатии кишвари азизамон ба раванди корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза бахшида, баҳри таҷлили иди Сада ва дигар ҷашнҳои миллию давлатиамон саъю талош хоҳанд кард.
Бо чунин таманниёти нек, кулли сокинони сарбаланди шаҳрро бори дигар, бо фарорасии ин ҷашни бостонии ниёгон самимона муборакбод намуда, ба ҳар як хонадон хушиҳои зиндагӣ, сулҳу осоиштагӣ, саодатмандиву сарбаландӣ ва ба кишвари куҳанбунёдамон – Тоҷикистони азиз сарсабзиву шукуфоӣ орзумандам.
Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода
Нет описания фото.
Возврат к списку новостей