Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4404244
Сегодня
317
На этой неделе
317
В этом месяце
3828
Итого
4404244
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

30.01.2026

Мактаб ба мактаб: Ворисони сазовори миллатро тарбия намоем.

Мактаб ба мактаб: Ворисони сазовори миллатро тарбия намоем.
Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар муассисаи таҳсилоти умумӣ - мактаби хусусии О.Ҷураев дар доираи вохуриҳо бо усули "мактаб ба мактаб " мулоқоти намояндагони мақомоти маҳаллӣ бо падару модарон ва ҷомеаи омузгорону хонандагон баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳр Раҳмонзода Гулчеҳра Раҳмон, мудири шӯъбаи маориф Абдувоҳидзода Фируза Абдувоҳид, роҳбари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Қурбонова Таҳмина, мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Рӯзиев Фаррух иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар баромади худ муовини Раиси шаҳр Раҳмонзода Гулчеҳра Раҳмон дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти баланд бардоштани сифати таълим, ҳамкории муассиса бо падару модарон, ҷалб намудани наврасон ба чуқуромузии фанҳо, махсусан фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ бори дигар хотиррасон ва
дар назди ҷомеаи омузгорону хонандагон вазифагузорӣ намуд. Маҳз ҳамкории мактабу оила барои ҳалли мушкилиҳои раванди таълиму тарбия мусоидат мекунад. Дар соли барои миллат таърихӣ ҳар фарди бедорфикр бояд масъулият дар роҳи ободонию созандагӣ дошта бошад. Масъулият дар таҳсил, иштироки фаъолона дар озмунҳо - ҳиссагузорӣ дар боло рафтани мақоми кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ аст.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳр Абдувоҳидзода Фируза Абдувоҳид дар суханронии худ доир ба масъалаҳои омодагии омузгорон ба дарсҳо, истифодаи воситаҳои техникии таълим, тарбияи ахлоқи шоиста ва анъанаҳои миллӣ андешаҳои худро иброз дошт.
Масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи реҷаи ягона дар хурокхурӣ ва варзишу омузиши илм, истифодаи гизои фоиданок ва зарари телефони мобилӣ дар баромади роҳбари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Қурбонова Таҳмина бори дигар таҳлилу таъкид карда шуданд.
Корманди бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Рӯзиев Фаррух диққати масъулони соҳаи маориф ва падару модаронро ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, ҳушёрии сиёсӣ ва устувор будан дар роҳи хизмат ба Ватан равона намуд.
Аҳли маҷлис ба саволҳои худ вобаста ба масъалаҳои муҳими рӯз ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Мулоқот бори дигар собит намуд, ки масъалаи омода намудани идомадиҳандагони роҳи фардои Ватани пешрафта дар пайвастагии ҳама унсурҳои соҳаи тарбия имконпазир хоҳад шуд.
Возможно, это изображение текстНет описания фото.Возможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человекНет описания фото.Возможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек, люди учатся и очки для зренияВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и отдел новостейВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек
Возврат к списку новостей