Посетители
4404216
Сегодня
289
На этой неделе
289
В этом месяце
3800
Итого
4404216
28.01.2026
Тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои миллат дар коллеҷи технологии Конибодом
Тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои муаззами миллат аз ҷониби кормандони Суди шаҳри Конибодом дар коллеҷи технологии шаҳри Конибодом
Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои Суди шаҳри Конибодом ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», дар коллеҷи технологии шаҳри Конибодом мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини якуми раиси суди шаҳри Конибодом Ғанизода К.Т., судяи суди шаҳри Конибодом Исроилзода Д.М, мушовири суди шахри Конибодом Сидиқзода М.Т., котибони маҷлиси судӣ Қодиров М, Мақсудализода М., Орифӣ К., Умарзода Н. иштирок намуда, доир ба муҳтаво ва нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат баромад намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки Паёми имсола фарогири аксари самтҳои муҳими хоҷагии халқи кишвар ва бахшҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ буда, ҳамчун роҳнамо ва дастури муҳим барои фаъолияти минбаъдаи мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди мамлакат хизмат менамояд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, рушди инфрасохтор, аз ҷумла роҳу коммуникатсия, истифодаи оқилона ва сарфакоронаи нерӯи барқ, пешгирии падидаҳои номатлуби терроризм ва экстремизм, инчунин мазмуну муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сипас, дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва тақвияти эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ, бахусус дар байни наврасон ва ҷавонон, ба таври амиқ баррасӣ шуданд.
Дар анҷоми мулоқот аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар соли таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои босамари дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва вусъат бахшидани корҳои ободониву созанда саҳми арзандаи худро гузоранд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?