Посетители
4404200
Сегодня
273
На этой неделе
273
В этом месяце
3784
Итого
4404200
28.01.2026
Курси омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» дар Конибодом баргузор гардид
КУРСИ ОМӮЗИШИИ "ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ" ДАР МАВЗӮИ "НАҚШИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА ДАР ДАВРОНИ СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ МАМЛАКАТ ВА РИОЯИ ЯКХЕЛАИ ҚОНУНҲО" БАРГУЗОР ГАРДИД.
Бо мақсади омода намудани кадрҳои ҷавон ба хизмати давлатӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва дар ин замина омода намудани пайравони асили Пешвои миллат бо ҷалби ҷавонони фаъоли шаҳр, санаи 27-уми январи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дарси навбатии курси омӯзишии "Пайравони Пешвои миллат" баргузор карда шуд.
Дар кори курси омӯзишӣ муовини Прокурори шаҳри Конибодом, мушовири адлияи дараҷаи 2 Ҷӯразода Собир дар мавзӯи "Нақши мақомоти прокуратура дар даврони солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ва риояи якхелаи қонунҳо” суханронӣ намуд.
Сараввал Фаррух Рӯзиев - мутахасисси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Конибодом дар суханронии худ, доир ба муҳимияти маҳфили омӯзишии Пайравони Пешвои миллат ҷиҳати баланд бардоштани ҳуввияти милли ҷавонон, таълиму тарбия наиудани онҳо дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва омӯзиши мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат маъруза намуд.
Муовини Прокурори шаҳри Конибодом, мушовири адлияи дараҷаи 2 Ҷӯразода Собир зимни баромади худ доир ба хизматҳои бузург ва нотакрори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар сухан гуфта, иброз намуд, ки ҷавонони имрӯз бо истифода аз шароити мусоид ва имкониятҳои фароҳамовардаи Пешвои миллат бояд пайваста дониш ва малакаи худро такмил дода, барои расидан ба дастовардҳои баланд саъю кӯшиш намоянд. Мавсуф ҳамчунин таъкид намуд, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақоми ягонаи марказонидашуда, ки дар доираи ваколатҳои худ риояи дақиқ ва иҷрои яксони қонунҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тамоми шохаҳои ҳокимият, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон назорат намуда, дар мамлакат фазои ягонаи ҳуқуқиро фароҳам меорад. Вазифаи мақомоти прокуратура аз таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ иборат аст.
Дар як вақт шунавандагони курси омӯзишӣ бо руҳияи тозаву эҳсоси баланди ватандӯстӣ фаъолона бо саволҳову таклифҳои худ иштирок намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои лозима паёдо намуданд.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Конибодом бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи кор ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳр дар оянда низ нақша дорад, ки рафти дарсҳоро бо иштироки ходимони давлатӣ, шахсиятҳои шинохта, роҳбарони ташкилоту муасиссаҳо ба роҳ монад.







Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









