Посетители
4404246
Сегодня
319
На этой неделе
319
В этом месяце
3830
Итого
4404246
26.01.2026
Мулоқотҳо идома доранд.
Мулоқотҳо идома доранд.
Мулоқоти навбатии муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Конибодом аз руйи усули “деҳа ба деҳа” ва “ маҳалла ба маҳалла” дар маҳаллаи Қамбароваи деҳаи Кӯшкаки ҷамоати деҳоти ба номи Р.Ҳамробоев доир гардид.
Дар мулоқот гуруҳи корӣ дар ҳайъати мудири бахши бойгонии МИҲД Маҳмудов Б., муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Ҳоҷиев Ф., мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Сатторов А. ва муовини Раиси ҷамоати деҳоти ба номи Р.Ҳамробоев оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Ҳайдарова М. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал аз ҷониби гуруҳи корӣ ба ҳозирин муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар расонида шуда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари давлат даъват ба амал оварданд.
Сипас, дастрасии туҳфаи Пешвои миллат, китоби безаволи “Шоҳнома” - и А.Фирдавсӣ бо сокинон гуфта шуд. Баъдан доир ба мавзуъҳои муҳиму мубрами рӯз, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, самаранок ва оқилона истифода бурдани қувваи барқ, татбиқи сиёсати иқтисоди рақамӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баромадҳо намуданд.
Дар навбати худ сокинони деҳаи мазкур низ миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат расонида, афзуданд, ки минбаъд низ бо шукронаи сулҳу оромии меҳан дар ободонии маҳалли худ саҳм мегузоранд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?