Посетители
4404234
Сегодня
307
На этой неделе
307
В этом месяце
3818
Итого
4404234
26.01.2026
Кормандони ҳифзи иҷтимоӣ қадрдонӣ гардиданд
Кормандони ҳифзи иҷтимоӣ қадрдонӣ гардиданд
Ҳамасола санаи 25 январ ҳамчун Рӯзи касбии кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат имрӯз дар Маркази хизматрасонии иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси шаҳри Конибодом Гулчеҳра Раҳмонзода иштирок намуда, паёми табрикии Раиси шаҳр муҳтарам Даврон Зоҳидзодаро ба самъи ҳозирин расонид.
Зикр шуд, ки дар давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ, бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, рушд намудаанд. Дар ин давра заминаҳои мусоид барои такмили танзими муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, хизматрасонӣ ба қишрҳои ниёзманд, суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа фароҳам оварда шуданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дар соли сипаригардида дастуру супоришҳои дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардидаро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву барномаҳои соҳавӣ корҳои назаррасро ба анҷом расониданд.
Қайд гардид, ки минбаъд низ кормандони соҳа ҷиҳати татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳанд намуд, зеро ғамхорӣ дар ҳаққи ятимон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад.
Дар фарҷом ба як қатор фаъолони соҳа Сипосномаҳои Раиси шаҳр супорида шуда, инчунин ба кормандон туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр тақдим гардид.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?