Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4404219
Сегодня
292
На этой неделе
292
В этом месяце
3803
Итого
4404219
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

26.01.2026

Идомаи тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои муаззами миллат дар ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев

Идомаи тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои муаззами миллат дар ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев
Бо ташаббуси Прокуратураи шаҳри Конибодом тибқи нақшаи муштарак дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳамаҷонибаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини якуми Раиси шаҳр Шокирӣ Ш., муовини Прокурори шаҳри Конибодом, мушовири адлияи дараҷаи 2 Ҷӯразода С. ва сархатиби шаҳр Аброров А. иштирок намуда, оид ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат баромад намуданд.
Зимни мулоқот баромадкунандагон дар баромади худ таъкид доштанд, ки Паёми имсола фарогири аксари самтҳои муҳими хоҷагии халқи кишвар ва бахшҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ буда, ҳамчун роҳнамо ва дастури муҳим барои фаъолияти минбаъдаи масъулини сохторҳои давлатӣ ва ҳар як шаҳрванд хизмат менамояд.
Инчунин дар мулоқот доир ба масъалаҳои ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, рушди роҳу коммуникатсия, истифодаи оқилонаи нерӯи барқ, падидаи номатлуби терроризму экстремизм, мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи танзими ҷашну маросим” ва иҷрои ҳамаҷонибаи қонуни мазкур, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини кишт, инчунин иҷрои нақшаҳои созандагӣ суханронӣ намуданд.
Сипас, дар доираи эълон гардидани соли 2026 — Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва таҳкими эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ, бахусус дар миёни наврасону ҷавонон, мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Дар охир аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар соли таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои босамари дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва вусъат бахшидани корҳои созандаву бунёдкорона саҳми арзандаи худро гузоранд.
Возможно, это изображение помост и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и люди учатсяВозможно, это изображение помост и текстВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение помост и текстВозможно, это изображение текст
Возврат к списку новостей