Посетители
4404202
Сегодня
275
На этой неделе
275
В этом месяце
3786
Итого
4404202
26.01.2026
Дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар меҳвари маҷлиси машваратии назди Раиси шаҳри Конибодом
Дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар меҳвари маҷлиси машваратии назди Раиси шаҳри Конибодом
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом маҷлиси машваратии назди Раиси шаҳр баргузор гардид. Дар кори маҷлис муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шӯъбаву бахшҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Даврон Зоҳидзода маҷлисро ифтитоҳ намуда, оид ба натиҷаҳои маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 23 январи соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд, маълумот дод.
Ҳадафи асосии баргузории маҷлис расонидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба масъулини сохторҳои шаҳр ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои соли 2026 арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои иҷроиши босифати тамоми намудҳои андоз, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, масъалаҳои истифодаи самараноки замин, азхудкунии заминҳои нав, таъмини захираи кофии маҳсулоти озуқаворӣ, рушди соҳаи боғдорӣ, кишти картошка ва маҳсулоти полезӣ баррасӣ гардид.
Дар ҷаласа ба рушди сармояи мустақим, соҳибкории истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, беҳтар намудани ҳолати роҳҳои маҳаллӣ, ҳифзи муҳити зист, сабзазоркунӣ, коҳиш додани талафоти неруи барқ ва ҷамъоварии саривақтии маблағи он, инчунин, ба масъалаҳои пешгирии қонунвайронкунӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Дар фарҷом Раиси шаҳри Конибодом ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати ҳамаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат таъкид намуда, вазифаҳои асосиро барои соли 2026 муайян намуд.
Ҳамзамон, Мамадов Назирҷон, собиқ сардори раёсати омори шаҳр, бинобар расидан ба синни нафақа бо эҳтирому қадрдонӣ ва бо тантана гуселонида шуд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?